Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 52,2 дарсади ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил додааст.
Акс: ИнтернетТибқи оморҳои расмӣ, дар моҳҳои январ-майи соли 2022 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ 1 миллиарду 429 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин дарвраи як соли қабл 31% ё 338,3 миллион доллар бештар аст.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ 329,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 1,7 баробар афзоиш ёфтааст. Аммо ҳаҷми воридоти маҳсулот аз кишварҳои ИДМ нисбат ба содирот 770,3 млн доллар бештар буда, дар маҷмуъ 1 млрду 99,6 миллион долларро ташкил додааст.