Ба гузориши “Reuters” мақомоти Русия талош дорад сафи низомиёни худро дар ҷанг бо Украина аз ҳисоби зиндониён ва муҳоҷироне, ки мушкилоти асноди будубош доранд, бештар кунад. Акс: Интернет “Reuters” аз қавли як мақоми баландпояи Вазорати дифои Амрико хабар дод, ки “Wagner Group”, як ширкати хусусии низомии Русия, талош дорад, беш аз 1500 ҷинояткорони маҳкумшударо барои […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ба гузориши “Reuters” мақомоти Русия талош дорад сафи низомиёни худро дар ҷанг бо Украина аз ҳисоби зиндониён ва муҳоҷироне, ки мушкилоти асноди будубош доранд, бештар кунад.
Акс: Интернет
“Reuters” аз қавли як мақоми баландпояи Вазорати дифои Амрико хабар дод, ки “Wagner Group”, як ширкати хусусии низомии Русия, талош дорад, беш аз 1500 ҷинояткорони маҳкумшударо барои ширкат дар ҷанги Русия бо Украина ҷалб кунад, аммо бисёре аз онҳо ба ин даъват посухи рад додаанд.
Ин мақоми амрикоӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба ин расона гуфта, ки “маълумоти мо нишон медиҳад, ки Русия дар ҷанги бо Украина ба хотири ҷалби ҷавонон ҷангҷӯёни бетаҷриба талафоти зиёд дидааст”. Зоҳиран Русия мехоҳад ин талафотро акнун аз ҳисоби собиқ ҷангиён ва низомиёни ботаҷриба, ки ҳоло дар зиндонҳо ба сар мебаранд, ҷуброн кунад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин пештар гуфта буд, ки ин гурӯҳ аз давлати Русия намояндагӣ намекунад, аммо он аз ҳампаймонони хусусии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад ва онҳо ҳақ доранд дар ҳамаҷо кор кунанд, ба шарти ин ки қонунҳои Русияро нақз накунанд.
Ин расона дар як гузорише пештар бо такя ба манобеаш гуфта буд, ки Русия ба муҳоҷирони бекор ва онҳое, ки ихроҷ таҳдидашон мекунад, моҳона то 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҳуқуқ пешниҳод мекунад, то рафта дар сафи артиши Русия дар Украина биҷанганд.
Дар робита ба ин масъала наворҳое аз боздошти сарбозони Русия аз тарафи сарбозони Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, ки боздоштшудаҳо мегуфтанд, шаҳрванди Узбекистон ҳастанд ва дар Русия ба сабаби оне, ки асноди будубошашон ба охир расида буд, онҳоро ба ҷанг оварданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.