Хуруҷуи шаҳрвандони аз 18 то 65-сола аз Русия душвор шудааст
Ба гузориши расонаҳои украинӣ, баъзе ширкатҳои роҳи оҳан ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фурӯши билетро барои шаҳрвандони аз 18 то 65-сола боз доштаанд. Акс: Интернет Ба гузориши расонаҳои украинӣ, рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 баъд аз эълони қисман басиҷкунӣ барои артиш аз ҷониби Владимир Путин, расонаҳои украинӣ хабар додан, ки ширкати роҳи оҳани Русия ва ширкати […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ба гузориши расонаҳои украинӣ, баъзе ширкатҳои роҳи оҳан ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фурӯши билетро барои шаҳрвандони аз 18 то 65-сола боз доштаанд.
Акс: Интернет
Ба гузориши расонаҳои украинӣ, рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 баъд аз эълони қисман басиҷкунӣ барои артиш аз ҷониби Владимир Путин, расонаҳои украинӣ хабар додан, ки ширкати роҳи оҳани Русия ва ширкати ҳавоии “Аэрофлот”-и Русия аз фурӯши билет ба шаҳрвандони аз 18 то 65-сола бидуни доштани иҷозатнома аз комисарияти ҳарбӣ манъ кардаанд.
Аммо хабаргузории расмии Русия “РИА новости” ин хабарро рад кардааст ва мегӯяд, ширкати роҳи оҳнаи Русия ин хабарро рад карда ва фурӯши билетҳои қатор мисли пештара идома дорад ва монеае барои фрурӯши билет вуҷуд надорад.
Чанд муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Azda tv гуфтанд, ки субҳи имрӯз билети парвозҳои Москав-Истанбул 400 000 рубл бештар буд ва то зуҳр ҳама билетҳо ё фурӯхта шуданд ё ин ки дигар дар фурӯш нестанд.
“Парвозҳои Москав-Истанбул, Москав- Ереван, Москав-Ташкент, Москав-Душанбе ҳама пур ҳастанд ва билети фурӯшӣ вуҷуд надорад”, мегӯяд як муҳоҷири дигар.
Azda tv аз муҳоҷирине, ки дар Русия кору зиндагӣ доранд, мехоҳад таҷриба ва назарҳои худро дар мавриди ин ки оё вақти харидани билети ҳавопаймо ё қатор аз шумо иҷозатномаи комиссариати ҳарбӣ талаб карданд ё не?, зери хабарҳо бинависанд ва ё ба телеграми Azda tv бифиристанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.