Русия дастрасии муҳоҷиронро ба хадамоти бонкӣ осонтар кард
Шурӯъ аз имрӯз, 24-уми август бонкҳои Русия дар шуъбаҳои худ барои дастрасӣ ба хидматрасониҳои бонкӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ корти муҳоҷиратиро талаб намекунанд. Акс: Интернет Дар ин бора агентии иттилоотии иқтисодии “Прайм” хабар дода менависад, агар қаблан аз муҳоҷирон корти муҳоҷиратӣ ё ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро барои будубош дар Федератсияи Русия […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Шурӯъ аз имрӯз, 24-уми август бонкҳои Русия дар шуъбаҳои худ барои дастрасӣ ба хидматрасониҳои бонкӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ корти муҳоҷиратиро талаб намекунанд.
Акс: Интернет
Дар ин бора агентии иттилоотии иқтисодии “Прайм” хабар дода менависад, агар қаблан аз муҳоҷирон корти муҳоҷиратӣ ё ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро барои будубош дар Федератсияи Русия тасдиқ мекард, талаб карда мешуд, ҳоло дигар бо як ҳуҷҷати будубош ё худ истиқоматӣ кофист, ки аз хидматрасониҳои бонкӣ баҳраманд шаванд.
Ҳамин тариқ, аз як тараф коғазбозии (бюрократизатсия) Хадамоти муҳоҷират коҳиш меёбад ва аз тарафи дигар, шаҳодатномаи муваққатии ивазкунандаи корти муҳоҷират, ки ҳоло ҳам тавассути он давлат ва мақомоти дахлдор метавонанд ин шартҳоро назорат кунанд, озод мешаванд,- мегӯяд Лариса Крушанова, дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқии Донишгоҳи “Синергия”.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон аз кортҳои пластикии бонкҳои Русия истифода мекунанд, онҳо ба оилаҳои худ озодона пул интиқол медиҳанд ва аз хидматрасониҳои қарзии бонкӣ низ истифода мекунанд.
“Имрӯз шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ (шиносномаи хориҷӣ), иҷозати иқомаи доимӣ ва иҷозати иқомаи муваққатӣ дар ҷои будубош, патент ё иҷозатномаи кории муваққатӣ дар якҷоягӣ бо қонуни мубориза бо шустушӯи пул ба давлат имкон медиҳанд, ки аз корти муҳоҷират даст кашад,” – хулоса мекунад коршинос.
Қаблан хабар дода будем, ки камбуди муҳоҷирон дар Русия боиси афзоиши музди меҳнат ва талабот ба нерӯи кории ғайрикасбӣ низ афзудааст.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.