29.9 C
Dushanbe

Русия имтиёзҳои пандемияро дароз кард. Оё ин ба муҳоҷирон кумак мекунад?

Акс: ИЗВЕСТИЯ 

Дар Русия имтиёзҳои давраи пандемия барои шаҳрвадони хориҷӣ, хусусан тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони корӣ, ки ба кору зиндагии онҳо таъсири бевосита дорад, то 15 декабр дароз карда шуд.

Тибқи ин қарор ихроҷи муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия манъ буда, нафароне, ки муҳлати будубошашон ба поён расидааст, метаовнанд аз нав бе баромадан аз Руссия ба қайд гиранд, барои муҳоҷироне, ки иҷозати корӣ ё худ патент надоранд, метавонанд бидуни он то муҳлати муқараршуда кор кунанд.

Пеш аз ин бояд ҳар як нафаре, ки муҳлати будубошаш ба иттимом мерасид, бояд аз марзи Русия хориҷ мегардид ва дуввумбора ба он кишвар бар мегашт. Ҳамчунин, муҳоҷироне, ки патент барои кор надоштанд, вазифадор буданд, ки патент кунад, дар сурати надоштани он аз Русия ихроҷ мешуданд.

Қарори додани имтиёз бори аввал моҳи апрел содир шуда буд ва дар ин муддат ду дафъа муҳлати иҷрояш дароз карда шуд. Бо вуҷуди ин, муҳоҷирон ба беҳтар шудани вазъ чандон хушбин нестанд ва ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, вақтҳои ахир озору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар шудааст.

Валентина Чупик, раиси “Тонг ҷаҳони”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, танҳо 23-юми сентябр, пеш аз содир шудани қарори нав, ҳудуди 100 муҳоҷир ба идораи онҳо занг зада, аз боздошт шудан шикоят кардаанд.

Валентина Чупик. Акс аз саҳифаи Facebook

Қисме аз муҳоҷирон баъди содир шудани қарори расмӣ умедворанд, ки озору азияташон аз ҷониби кормандони пулиси Русия кам мегардад ва кормандони пулис тамаъҷуйиро кам мекунанд.

Айни ҳол тибқи оморҳои мақомоти Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагонӣ мекунанд, муқомоти тоҷик ин оморро рад мекунанд, шумораи муҳоҷиронро наздик ба 500 ҳазор мегӯяд. Имсол бо бад шудани вазъи иқтисодии Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб дид. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирони тоҷик 195 миллион доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта пул фиристодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.