Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро қатъ кард

Ширкати Газпроми Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро қатъ кард ва Варашава Маскавро ба нақзи қарордод муттаҳам мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои лаҳистонӣ, имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 ширкати Газпроми Русия ба хотири на пардохтани пули газ бо рубли русӣ интиқоли гази табиӣ ба Лаҳистонро қатъ кардааст.

Ҳамзамон хабаргузории Тасс мегӯяд, ки ширкати Газпроми Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро ба хотири напардохтани баҳои газ бо рубли русӣ қатъ қардааст.

Ширкати нафту гази Лаҳистон маъруф ба “PGNiG” мегӯяд, ин имкон вуҷуд дошт, ки ин ширкат то соли 2023 аз истифодаи гази Русия даст бикашад, аммо ширкати Газпроми Русия пешдастӣ карду интиқоли газ ба Лаҳистонро аз тариқи лулаи интиқоли Ямал шурӯъ аз имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 қатъ кард.

Хонум Анна Москва, вазири боду ҳаво ва муҳити зисти Лаҳистон дар вокуниш ба ин хабар дар саҳфаи Твиттериаш иттилоъ дода, ки “Лаҳистон захираҳои газ ва манбаъҳои таъмини лозимро дорад, ки амнияти моро ҳифз кунанд. Мо солҳост, ки амалан аз (гази) Русия мустақил ҳастем. Анборҳои мо 76% пур аст ва хонаҳои лаҳистонӣ бо камбуди газ мувоҷиҳ нахоҳанд шуд.“

Аммо хабаргузории давлатии Русия Тасс дар истинод ба манобеи худ дар Бруксел гуфтааст, “Иттиҳодияи Аврупо дар як режими муваққатӣ харидории гази Русияро тавассути давлатҳое, ки омодаанд бо рубл пардохт кунанд, афзоиш хоҳад дод, то қатъи интиқоли газ ба Лаҳистон ва Булғористонро ба таври қобили мулоҳиза ҷуброн намояд.“

23-уми марти соли ҷорӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ин пас “тамоми кишварҳои ғайри дӯст барои Русия” пули газро бо рубли русӣ пардохт кунанд ва ин амри худро 31-уми март бо як имзо қонунӣ кард.

Баъд аз имзои қарори Путин ширкати Газпроми Русия ба шарикони тиҷоратии худ дар кишварҳои аврупоӣ номае фиристода аз онҳо хоста буд, ки аз ин пас пули газро бояд бо рубли русӣ пардохт кунанд. Лаҳистон ва Олмон аз кишварҳое буданд, ки пофишорӣ мекарданд, ки тибқи қарордодҳои аз қабл имзошуда, пули газро бо доллару евро пардохт мекунанд.

Гуфта мешавад, масрафи солонаи гази табиӣ дар Лаҳистон ҳудуди 20 миллаирд кубометрро ташкил медиҳад, ки наздик ба 50 дарсади онро гази Русия ташкил медод ва бақияро аз кишварҳои Қатару Амрико ва Суид ва дигар манбаъҳо таъмин менамояд.

Ба гуфтаи Bloomberg, қатъи интиқоли гази Русия ба кишварҳои Лаҳистону Булғористон тамоми ширкатҳои таъминкунандаи газ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро, ки вобастагии гази Русияро доранд, нигарон кардааст ва дар ҳоли ҳозир онҳоро дар дуроҳаи интихоби иҷрои таҳримҳо алайҳи Русия ва ё талаби Владимир Путин барои пардохти пули газ бо рубли русӣ қарор гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...