Русия интизори муҳоҷирони тоҷик

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои муҳоҷирони кории кишвар дар шаҳрҳои Хабаровск, Владивосток, Краснодар ва Уляновски Русия кор пайдо кардааст.

Хадамоти муҳоҷират синну соли муҳоҷирони довталабро аз 22 то 50 сол зикр карда, гуфтааст, довтабоне даъват карда мешаванд, ки ҳунарҳои хиштчинӣ, челонгарӣ, сангчинӣ, рангмолӣ ва ё барқчигиро дошта бошанд.

Ба иттилои ин манбаъ, музди меҳнат барои муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳрҳо аз 45 то 70 ҳазор рубли русӣ дар назар гирифта шудааст. Инчунин  “тамоми хароҷоти  вобаста ба роҳкиро, омода намудани ҳуҷҷатҳои корӣ, ҷои зист ва хурок аз ҳисоби кордиҳанда таъмин карда мешавад.”

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар ин шаҳрҳо барои чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ ҷои кор пайдо кардааст, аммо пеш аз ин мақомоти Русия борҳо эълон карда буданд, ки дар бузургшаҳрҳо ва бузургтарҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ ва хадамоти лоҷистикӣ дар паҳнои ин кишвар ба садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.