8.9 C
Dushanbe

Русия кӯдакони муҳоҷирро ба мактабҳо роҳ намедиҳад? 

Думаи давлатӣ дар Русия пешниҳод дорад, ки кӯадкони муҳоҷиронро бидуни донистани забони русӣ дар мактабҳои ин кишвар қабул накунанд.

Бино ба гуфтаи сухангӯи Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ҳоло парлумони ин кишвар лоиҳаи қарорҳоеро омода мекунад, ки дар он тавсияҳо ба ҳукумат дар мавриди ҳалли масъалаҳои сиёсати муҳоҷират пешбинӣ шудааст.  

Гуфта мешавад, лоиҳаи пешниҳодӣ тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки барои танзими муҳоҷирати корӣ ва омехташавӣ (интегратсия)-и оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳ бо муҳоҷирон ба Русия меоянд, нигаронида меашвад.

Володин мегӯяд, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки барои кӯдакони муҳоҷир, ки мехоҳанд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд, талаботи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумлаи чунин талабот, санҷиши қонунӣ будани будубоши кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ва санҷиши донистани забони русӣ мебошад. Дар сурати надонистани забони русӣ пешниҳод мешавад, ки қабулшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ манъ карда шавад.

Ба гуфаи сухангӯи Дума, дар ин бора лоихаи конуни дахлдор аллкай пешниход карда шудааст. Интизор меравад, ки рӯзи 20-уми ноябр вакилони Думаи давлатӣ тарҳи ин лоиҳаро баррасӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.