Думаи давлатии Русия Лоиҳаи берун кардани Ҳаракати Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” ва ё рӯйхати “гурӯҳҳои террористӣ” баррасӣ мекунад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, лоиҳаи мазкур пешбинӣ мекунад, ки “манъи фаъолияти созмоне, ки ба феҳристи ягонаи федералии созмонҳои дохилӣ ва хориҷиву байналмилалие, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Русия террористӣ эътироф шудаанд, мумкин аст бо қарори додгоҳ муваққатан боздошта шавад.”
Гуфта мешавад, пеш аз баррасии ин масъала дар Думаи давлатӣ бояд Додситонии кулли Русия далелҳои воқеӣ ва қонеъкунанда пешниҳод кунад ва баъд аз он Додгоҳи олии ин кишвар метавонад Ҳаракати Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” ва ё гурӯҳҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави ин кишвар мамнуъ аст, берун кунад.