Хабар УМУМӢ

Рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард. Акс: Интернет Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад. Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо […]

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Бозиҳо соати 14:30 оғоз мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27 ва 28-уми ноябр баргузор мешаванд.

Мавзӯъҳои марбут