23.9 C
Dushanbe

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Имрӯз 03-юми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар “Рӯзи китоб” ва “Рӯзи дарҳои боз” баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” аз қавли масъулони Китобхонаи миллӣ хабар дод.

Дар ин рӯз аз шуъбаҳои гуногуни китобхона, аз ҷумла шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён, шуъбаи хидматрасонии библиографӣ, шуъбаи илмҳои дақиқ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи кӯдакон ва наврасон, шуъбаи матбуоти даврӣ, маркази тоҷикшиносӣ, ва ғайра китоб ва дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро барои иштирокдорон ба намоиш гузоштанд.

Дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2007 ин ташаббус дар арафаи Ҷашни истиқлол дар Китобхонаи миллӣ доир мегардад. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории он ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст.

Бо вуҷуди ҳамасола баргузор гардидани чунин намоишҳои китоб дар кишвар, нависандагон ва адибону донишмандон аз буҳрони бесаводӣ ва китобхон набудани қишри ҷавон ва дар умум сокинони кишвар шикоят мекунанд.

23-уми август дар боғи Рӯдакии кишвар низ намоиши китоб баргузор гардида буд. Дар намоиши мазкур муаллифон ва нашриёти кишвар 160 номгӯи китоб бо 25 ҳазор адад пешкаши дӯстдорони китоб намуда буданд. Аммо муаллифон аз кам будани харидорон изҳори нигаронӣ мекарданд.

Муаллифони китоб мегӯянд, бо заҳматҳои зиёд китоб таълиф мекунанд, вале харидор пайдо намекунем. Аммо коршиносон китоб нахаридани сокинони кишварро ба чанд омил рабт медиҳанд.

Ба назари онҳо, вазъияти сахти иқтисодии кишвар, ки дар натиҷа сокинон корҳои муносиб пайдо намекунанд ва даромади хубе ҳам на доранд аз иллатҳои асосии харидор пайдо накардани китобҳост. Аксари онҳое, ки дар раъси қудрат қарор доранд ва ё ба тиҷорат машғул ҳастанду даромади фаровонтаре доранд, ба китобхонӣ ва хариди китобҳо камтар таваҷҷуҳ мекунанд.

Шикояти муаллифон аз харидор наёфтани китобҳояшон дар ҳолест, ки баъзе омӯзгорон ва масъулони Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамасола аз нарасидани китобҳои дарсӣ нигаронии ҷиддӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Маҳдӣ Орифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиш гуфта буд, ки “норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳия зиёда аз 13 ҳазор мебошад.”

Соли гузашта низ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузориш шуда буд, ки дар як синф барои 30 талаба як китоб рост меояд.

Дар ҳамин замина Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш бахшида ба “Рӯзи дониш” 1-юми сентябр ба буҷети Вазорати маориф ишора намуда гуфт, “буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.