РВКД зери фишори мардум дурӯғҳои худро ислоҳ кард

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри як матлаб зери фишори мардум дурӯғи худро ислоҳ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он 4-нафар ба ҳалокат расид, ба таври иловагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар асл тибқи ҳуҷҷатҳои ба расмиятдаровардашуда, рақамҳои қайди давлатии автомашинаи тамғаи «БМВ», С0496 j07 мебошад.”

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи ин садамаи маргбор шоми 21-уми июни соли ҷорӣ дар ВДНХ-и пойтахт рух дода буд, меафзояд: “Аммо ронандаи автомашинаи мазкур рақамҳои қайди давлатии бегона, яъне 111WА01, ки ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалона» ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, насб намудааст.”

Пеш аз ин Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода буд: “Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Ҳабибзода Орзӯ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамоҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст.”

Аммо бархе корбарон бо нашри аксе аз ин BMW, ки сабабгори марги чор нафар шуда буд, Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ба “дурӯғгӯӣ” муттаҳам карда, гуфтанд, ки рақамҳои давлатии автомашинаи тамғаи “BMW” “транзит набуд”, РВКД дар шаҳри Душанбе бояд “росташро нависед”.

Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилӣ бар иловаи ислоҳи дурӯғи гуфтааш дар бораи рақамҳои давлатии автомбилӣ номи омили ин ҷиноятро ҳам дар аввал пурра фош накарда буд. Вале имрӯз мегӯяд, автомашинаи тамғаи “BMW” “Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи А.Дониш, хонаи 15, бозраси давлатии автомобилии Шуъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи низомиаш “майори милитсия” мебошад.“

Дар натиҷаи ин садамаи маргбор “ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, майори милитсия Орзубек Ҳабибзода ва ҳамроҳаш Султонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе низ дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки “аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе, нисбати Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, бо моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.