18.9 C
Dushanbe

Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби гаронии ордро шарҳ дод

Гарон шудани нархи орд дар Тоҷикистон ба афзоиши нархи гандуми воридотӣ вобаста будааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон Сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Саидалӣ Зарифзода хабар дод.

Тоҷикистон дар соли 2021,  1 миллиону 29,1 ҳазор тонна гандум ворид намуда, барои хариди он дар маҷмӯъ 265 миллиону 855,1 ҳазор доллар сарф кардааст. Ба ҳисоби миёна як тонна орд бо нархи 259 доллар харида шудааст, мегӯяд Зарифзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар Тоҷикистон 876,1 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли 2020 12,1 ҳазор тонна ё 1,4 фоиз зиёд мебошад.

“Арзиши як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон, ки таъминкунандаи аслии ин маҳсулот ба Тоҷикистон аст (97,98%), аз 240-250 доллари соли 2020 то 285 доллар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст”, – гуфт намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 285 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 6,8 ҳазор тонна бештар аст. Ҳаҷми воридоти орд дар соли гузашта 56,7 ҳазор тоннаро ташкил дода, ба ҳисоби миёна як тоннаи он бо нархи 284 доллар харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин Саидалӣ Зарифзода қайд кард, ки “аз моҳи сентябри соли 2021 гароншавии нархи орд дар кишвар мушоҳида мешавад, ки ин ба афзоиши арзиши гандуми воридотӣ вобаста аст”.

Қазоқистон яке аз таъминкунандаи аслии орд ва гандум дар бозори Тоҷикистон ба шумор меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.