Сабаби сари вақт пардохт нашудани маоши омӯзгорон тиҷорати бархе масъулон аст

Натиҷаи як таҳқиқ нишон медиҳад, ки кормандони бонкҳо дар ҳамкорӣ бо масъулони раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифу Фонди нафақа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо пули муаллимон ва бознишастагон тиҷорат мекунанд.

Дар Тоҷикистон хеле аз омӯзгорон шикоят мекунанд, ки сари вақт музди меҳнати онҳо пардохта намешавад, аммо натиҷаи як таҳқиқи Аздо тв нишон медиҳад, ки бархе масъулони раддаи болоӣ бо пули муаллимон тиҷорат мекунанд.

Ҳамсуҳбатони Аздо тв аз чанд бонки тиҷоратӣ мегӯянд, Вазорати молия дар аксар маврид сари вақт пули корхонаву муассисаҳои давлатиро мегузаронад, вале дар шаҳру ноҳияҳо пул бо таъхири як моҳу ду моҳ ба ҳисоби кормандон ворез мешавад.

Барои мисол, бархе кормандони бонкҳо дар ҳамкорӣ бо масъулини раёсатҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо намегузоранд, ки пул сари вақт ба ҳисобҳои бонкӣ ва ё кортҳои бонкии муаллимон гузаронида шавад. Зеро пули онҳо ба гардиш супурда мешавад ва баҳраи онҳоро мегиранд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз “Амонатбонк”, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, “ман дар қисме кор мекунам, ки ба нафақаи мардум сару кор дорам. Дар асл маблағ аз Вазорати молияи кишвар сари вақт ҷудо мешавад, вале масъулони бонкҳо, сардорони Фонди нафақа ва бахшҳои дигар ҳама бо ҳам забон як кардаанд, моҳонаи муаллимон ё нафақаи бознишастагонро як моҳ пас ва ҳатто то се моҳ ҳам ба таъхир меандозанд. Ва то ин муддат маблағ дар бонк давр мезанаду фоидааш байни як ё чанд нафар тақсим мешавад.”

Пеш аз ин Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор ва фаъоли шабакаи Фейсбук низ дар саҳифаи шахсияш дар ин бора пурсида буд, ки сабаби ҳамеша бо таъхир пардохт шудани маоши омӯзгорон дар чист? “Айби кист: худи вазорат, вазорати молия ё бонкҳо?”

Ӯ менависад: “ЧАРО ВАЗОРАТИ МАОРИФ СОЛҲОИ СОЛ МУАЛЛИМОНРО САРИ ВАҚТ БО МАОШ ТАЪМИН КАРДА НАМЕТАВОНАД ВА ОНҲО ҲАМЕША АЗ ТАЪХИР ШИКОЯТ МЕКУНАНД? АЙБИ КИСТ: худи вазорат, вазорати молия ё бонкҳо? Оё касе дар вазорати маориф билохира ин мушкилро таҳлил мекунад ё арзу шикоят идома хоҳад кард? Албатта, ин Вазорат одати посух гуфтан ба суолҳоро надорад, вале ба ҳар ҳол пурсиданием, ки чаро иҷозат медиҳед мардум лаб шиква во кунанд? Оё намешавад мушкилро ба зудӣ худатон ҳал кунед?”

Вобаста ба ин пурсиш корбарон шарҳҳои гуногун навиштаанд. Аз ҷумла як корбар бо номи Баҳодур Каримов дар вокуниш ба ин матлаб менависад, ки мушкилӣ на дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, балки дар он аст, ки баъзе кормандони шуъбаҳои молияи маҳал ин корро мекунанд.

“Ба фикри ман, дар деҳотҷойҳо кормандони алоҳидаи ташкилотҳои бонкии хизматрасон дар забон як кардан бо баъзе мансабдорони раёсатҳо ва шуъбаҳои молияи маҳалл ба ин амал даст мезананд ва мумкин, ҳар ду ҷониб аз ин амал баҳра ҳам дошта бошанд.”,-менависад Каримов.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ Исроилро маҳкум карданд

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.

Ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаҳои Ростов-на-Дону

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов-на-Дону-и Русия нигоҳдорӣ мешаванд.

Бузургтарин ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав аз оғози ҷанг

Украина шаби 17 ба 18-уми августи соли 2026 яке аз густардатарин ҳамлаҳои паҳподии худро аз оғози ҷанг ба самти Маскав анҷом дод.

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.