Муҳлат ба охир мерасад. Боз саргардонии муштариёни ширкатҳои мобилӣ

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 миллион 400 ҳазор муштарии ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки давоми як моҳ SIM-кортҳои худро аз нав ба қайд бигиранд.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” шаҳрвандон бояд шиносномаҳои коғазии худро то 15-уми феврали соли 2022 бо шиносномаҳои биометрӣ намунаи соли 2014 иваз намуда, SIM-кортҳои худро аз нав ба қайд бигиранд.

Муҳлати ба қайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи биометрӣ ба поён мерасад

Муовини сардори Хадамоти алоқа мегӯяд, “барои аз нав бақайдгирии SIM-кортҳои  алоқаи мобилӣ дар ҳамкорӣ  бо ширкатҳои мобилии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз 70 то 80 ҳазор истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди ҶТ- намунаи соли 2014, яъне  ID аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Аз аввали сол то 30 ноябри соли 2021 ин рақам ба 850 ҳазор SIM-корт баробар шудааст.”

Аммо Боймаҳмад Раҷабзода, сардори шуъбаи таҳлилӣ, назоратӣ ва ҳуқуқи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 104 нуқтаи қабули шиносномаҳо мавҷуд буда, рӯзона то 1 ҳазору 500 нафар ба онҳо муроҷиат мекунанд ва ба ҳисоби миёна ҳар моҳ наздик ба 35 ҳазор нафар шиносномаи худро ин нуқтаҳо иваз мекунад.

Хадамоти алоқа мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ то кунун натавонистаанд, ки 2 миллиону 400 ҳазор муштарии боқимондаро, ки SIM-кортҳои худро бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ё ҳамон шиносномаҳои коғазӣ ба қайд гирифта буданд, дубора аз нав ба қайд бигиранд.

Як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, ки барои он ки дар ин самт пеши роҳи фасод гирифта шавад ва корҳо дуруст ба анҷом шаванд, Ҳукумат бояд Қарорашро то 2024 тамдид кунад.

“Вақте Хадамоти алоқа дар замони ҳамагирии коронавирус дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ тавони онро доранд, ки дар як моҳ SIM-кортҳои ҳудуди 80 ҳазор нафарро аз нав ба қайд бигиранд ва 104 нуқтаи шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ ҳам таъкид доранд, ки метавонанд то 35 ҳазор шаҳрвандро дар як моҳ бо шиносномаи ID таъмин кунанд, ин маънои онро дорад, ки мушкил шаҳрвандони кишвар ҳалношуда боқӣ мемонад ва Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки дасти кам эътибори иҷроиши ин Қарори худро то августи соли 2024 тамдид кунад. Дар он сурат ҳам ширкатҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ метавонанд бидуни заҳмати мардум ва фасоди идорӣ корҳои худро дуруст анҷом диҳанд.”, мегӯяд коршинос.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.