Сафари Дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Станислав Зас

22-юми октябр, Дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон меравад ва ҳадаф аз ин сафари ӯ санҷидани омодагии сарбозон ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои СПАД гуфта шудааст.

Тамринҳои вижаи “Эшелон-2021”, “ Ҷустуҷӯ-2021” ва размоиши муштараки “Ҳамкорӣ-2021”, ки дар чорчӯби тамринҳои амалиётӣ-стратегии СПАД “Ҷанговарони бародарӣ-2021” дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, ва дар он 4 ҳазор нафар бо беш аз 500 адад таҷҳизоти ҳарбӣ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон ба муддати 5 рӯз аз 18 то 23-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбанд.

Александр Лапин

Рӯзи 19-уми октябр фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ Александр Лапин барои тафтиши омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ба марҳилаи ниҳоии машқҳо ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Баъд аз ба сари қудрат омодани Толибон дар Афғонистон кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон нерӯҳои амниятии худро дар марз бо ин кишвари ҳамсоя тақвият бахшидаанд. Инчунин Русия моҳи август ду размоиши низомӣ, яке дар наздикии марзи Афғонистон бо Узбакистон ва дигаре бо Узбакистону Тоҷикистон баргузор карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.