Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Президент Эмомалӣ Раҳмон пеш аз он, ки ба хонаводаи сарбози кушташуда дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ибрози ҳамдардӣ кунад, барои ҷашну пойкӯбӣ вилояти Суғд рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 14-уми апрели соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба вилояти Суғдро аз ноҳия Айнӣ оғоз карда, сипас барои иштирок дар ҷашни наврӯзӣ ва барномаи театрии он ба шаҳри Панҷакент рафт.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири кишвр Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ

Бо ин вуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон, ки пеш аз ифтитоҳи тамоми ин иношооти хусусӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ бо соҳибмулкону соҳибкорон ва масъулин суҳбатҳои мухтасару муфассале ҳам дошт, аммо Хадамоти матбуоти Президент ҳеч куҷое ишора накардааст, ки Раиси Ҳукумат боре аз вазъи бесуботи сарҳад дар марз бо Қирғизистон суҳбат карда бошад ё нисбат ба қурбониёни ҳодисаҳои ду рӯзи пеш изҳори тасаллияту шифо хоста бошад.

Гуфта мешавад, донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент барои ин хушгузаронии ин маросими ҷашни наврӯзӣ ва пойкӯбии Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз як моҳ омодагӣ дидаанд.

                                              Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои АЗДО тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.