Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Ҳадаф аз ин сафар баррасӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба гуфта мешавад.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 2-уми марти соли 2023 Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва раиси ҳукумати он бо як сафари дурӯза озими шаҳри Душанбе гардида, дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба бо сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дидор ва гуфтугӯ мекунад.
Пеш аз ин сафар, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин мулоқот карда, “масъалаҳои омодагӣ ба сафари кории Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Мишустинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-3 марти соли ҷорӣ муҳокима намуданд.”