Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури нави Эрон Масъуд Пизишкиён бори якум бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Сафари Пизишкиён ба Душанбе 14-уми январи соли ҷорӣ ба нақаша гирифта шуда, он то 16-уми январ идома мекунад.

Мақомоти ҳарду кишвар аз ҷузъиёт ва барномаи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон чизе нагуфтаанд, аммо дар доираи ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал аст, ки Масъуд Пизишкиён пас аз пирӯз шудан дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон ба Тоҷикистон меояд. Аммо ӯ моҳи сентябри соли 2024 дар ҳошияи нишастаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Амрико бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Инчунин дар ин шабу рӯзҳо чанде аз блогерони тоҷик ва мубаллиғони ҳукумати Раҳмон дар шаҳрҳои гуногуни Эрон қарор дошта, гардишгарони тоҷикро барои сафар ба Эрон ташвиқ доранд.

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир робитаи печидае дошта, тира шудани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуд ва бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ин муносибатҳо тиратар гашта буд.

Мунособати ин ду кишвар дар соли 2019 каме беҳтар шуда, бо раисҷумҳур шудани Иброҳим Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми рафту омади бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.