Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2-юми июн бо як сафари расмии дурӯза ба Узбекистон рафт.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин сафар Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, Раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Тошкент Эмомалӣ Раҳмонро худи Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифтааст.