Имрӯз, 20-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Қарор аст ӯ аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш боздид кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод. Акс: ИнтернетАкс аз Хадамоти матбуоти Президент Ҳадафи сафар барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар, ифтитоҳи як қатор […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Имрӯз, 20-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Қарор аст ӯ аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш боздид кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.
Акс: ИнтернетАкс аз Хадамоти матбуоти Президент
Ҳадафи сафар барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар, ифтитоҳи як қатор иншоот, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони ноҳияҳои мазкур гуфта мешавад.
Президент сафари худро аз ноҳияи Сангвор оғоз намуда, дар қадами аввал бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ кад.
Раҳмон дар суҳбат бо мардуми ин ниҳоя аз дастовардҳои 30 соли Истиқлоли кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки барои таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раҳмон дар идома афзуда, маблағҳое, ки дар соҳаи сохтмони ноҳия соли 2020 ҷудо шудааст, аз маблағи ҷудошудаи соли 1991 6,5 баробар зиёд аст. “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.