Қирғизистон аз иштирок дар размоиши СПАД даст кашид
Размоиши нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз 10-ум то 21-уми октябр дар мавзеи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон гузаронида мешавад. Акс: Интернет Дар ин размоиши навбатии САПД 1000 сарбоз бо 300 таҷҳизоти низомӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии ин тамринҳои низомӣ дар ҳоли омодабошӣ қарор […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Размоиши нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз 10-ум то 21-уми октябр дар мавзеи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Акс: Интернет
Дар ин размоиши навбатии САПД 1000 сарбоз бо 300 таҷҳизоти низомӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ҳадафи аслии ин тамринҳои низомӣ дар ҳоли омодабошӣ қарор додани нерӯҳои низомии кишварҳои узви СПАД ҳангоми ворид шудан ва ё ҳуҷуми гурӯҳҳои мусаллаҳ ба яке аз қаламрави ин кишварҳо мебошад.
Аммо баракси дафъаҳои қаблӣ, ин бор Қирғизистон аз иштирок дар ин размоиш даст кашидааст. Иллати даст кашидани ин кишвар аз иштирок дар размоиши мазкур ба муноқишаҳои марзии рӯзҳои 14-17-сентябр бо Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд.
Қарор буд ин размоиш дар Қирғизистон гузаронида шавад, вале мақомоти ин кишвар ҳузури низомиёни СПАД-ро дар кишвари худ нахост ва вақте тасмим он шуд, ки ин размоиш дар Тоҷикистон гузаронида шавад, ҷониби Қирғизистон аз иштирок дар он даст кашид.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.