Анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон демократӣ гузашт?

Ҳикматуллоҳи Сайидиён, ки худро муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон мехонад, дар як суҳбат рӯзи 23 август гуфт, ки масъалаи пешбарии номзад ба президентӣ дар Анҷумани навбатии ҳизбаш ноодилона ва ғайридемократӣ гузашт.

Ба гуфтаи ӯ Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизб бо тақаллуби ороъ дар Анҷуман худро ҳамчун баранда ҳисоб карду номзадияшро аз номи Ҳизби демократӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон, ки қарор аст 11 октябри соли равон баргузор гардад, пешниҳод кард.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш навореро нашр намуда, ки дида мешавад номбурда бо Ҳикматуллоҳ Сайидиён, собиқ раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат” ва ҳоло муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дода, аз ӯ мепурсад, ки анҷумани доиршудаи Ҳизб оё тибқи оинномаи Ҳизб буд? Сайидиён дар ҷавоб мегӯяд, ки бале, ин Анҷуман тибқи оинномаи ҳизб буд. Ӯ дар хусуси чӣ гуна интихоб гардидани Сайдҷаъфар ҳамчун номзад ба президентӣ гуфт: “Мо 76 нафар вакил аз тамоми ноҳияҳои кишвар даъват карда будем, ки ҳама ҳузур дошт, дар рӯзномаи асосии Анҷуман масъалаи пешниҳоди номзад ба интихоботи президентӣ буд, ҳамроҳи раиси ҳизб инчунин номзадии Табаралӣ Зиё низ ба овоз гузошта шуда буд. Сайидҷаъфар Усмонзода аз байни 76 овози вакилон 33 овозро соҳиб шуд, аммо худро баранда эълон кард. Тибқи оинномаи Ҳизб бояд бештар аз 50 вакил аз номзадии Усмонзода пуштибонӣ мекард то ӯ баранда мешуд.

Мусоҳиби Маҳмурод дар идома афзуда, ки вақте номзадии Табаралии Зиёро пешбарӣ карданд, “ӯ нагузашт, сабаб маълум, барои ин шарҳи бисёр дарукор нест. Ва ман ҳайронам, ки аз 76 нафар 33 нафар пуштибонӣ карданд, чӣ гуна ӯ баранда ҳисоб шуд?”.

Ӯ мегӯяд аз шакли баргузории Анҷумани ҳизбаш розӣ нест ва рафти баргузории онро “ба шакли демократӣ баргузор нашуда” ҳисобид.

Аммо то ҳол назари худи Сайидҷаъфар Усмонзода дастрас нест, шояд ӯ бар ин дидгоҳи ҳамсаф ва муовинаш вокунише нишон бидиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.