Саҳми Хазинаи байналмилалии асъор дар рушди иқтисоди Тоҷикистон

Дар Душанбе нақши Хазинаи байналмилали асъор дар рушди иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора “Avesta.tj” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар Вазорати молияи ҶТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Хазинаи байналмилалии асъор дар рушди иқтисодиёти ҶТ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба” баргузор гардид.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Вазорати молия, муовини вазир Юсуф Маҷидӣ дар мавзӯи “Тадбирҳои Вазорати молия тибқи тавсияҳои Хазинаи байналмиллали асъор оид ба коҳиш додани қарзи хориҷии ҶТ” суҳбат кард.

Дар баромади худ Маҷидӣ қайд кард, ки дар заминаи ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд карда истодааст. Ба гуфтаи ӯ яке аз натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ бо ХБА додани қарзҳои имтиёзнок барои дастгирии буҷаи давлатии соли ҷорӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки самтҳои асосии фаъолияти ХБА мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати пулӣ, бузург намудани савдои ҷаҳонӣ, қарздиҳӣ, ба эътидол овардани қурби асъор, машварат додан ба кишварҳои қарздор, барои омӯзиши кадрҳои иқтисодӣ кумак намудан, таҳияи стандартҳои байналмилалии омори молиявӣ, ҷамъоварии маълумот ва нашри омори байналмилалии молиявӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ дорад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то 1 октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 миллиарду 163,2 миллион доллар баробар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.