Хабар УМУМӢ

Сарбозе, ки ҳамхидматашро парронда буд, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Додгҳи гарнизонии шаҳри Хуҷанд 5 майи соли ҷорӣ сарбоз Исоев Муҳаммадҷонро дар куштани ҳамхидматаш Қурбонзода К.С бо тири туфанг гунаҳкор дониста, барои 10 сол равонаи зиндон кард. Акс: ИнтернетАкс аз манбаъҳои озод Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, додгоҳи мазкур дар ин ҷиноят ҳамчунин Довутиев Фарҳод, сардори наряди сарҳадии гурӯҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадзии […]

Додгҳи гарнизонии шаҳри Хуҷанд 5 майи соли ҷорӣ сарбоз Исоев Муҳаммадҷонро дар куштани ҳамхидматаш Қурбонзода К.С бо тири туфанг гунаҳкор дониста, барои 10 сол равонаи зиндон кард.

Акс: Интернет
Акс аз манбаъҳои озод

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, додгоҳи мазкур дар ин ҷиноят ҳамчунин Довутиев Фарҳод, сардори наряди сарҳадии гурӯҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадзии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадиро барои хунукназарӣ гунаҳкор дониста, мутобиқи моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро низ барои 1 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Гуфта мешавад, 16 январи соли 2022 посбони наряди сарҳадӣ сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Мақомот аз рӯи ин ҳодиса нисбати капитан Довутиев Ф.С., бо моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати сарбози қаторӣ Исоев М. Ш. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Мавзӯъҳои марбут