Сардори гурӯҳи кофтуковӣ ва сарбози қатории дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” барои марги як сарбози дигар равонаи зиндон шуданд. Акс: Интернет Бино ба иттилои сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон, дар натиҷаи беназоратии капитан Довутиев Фарход Сайфиддинович, ки сардори гурӯҳи кофтуковиро дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” бар уҳда доштааст, сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Сардори гурӯҳи кофтуковӣ ва сарбози қатории дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” барои марги як сарбози дигар равонаи зиндон шуданд.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон, дар натиҷаи беназоратии капитан Довутиев Фарход Сайфиддинович, ки сардори гурӯҳи кофтуковиро дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” бар уҳда доштааст, сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш (АК-74) бе ягон сабаб қасдан аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сари ҳамхизматаш Қурбонзода К.С як тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар робита ба ин ҳодиса додситони ҳарбӣ нисбати Довутиев Ф. С ва сарбози қаторӣ Исоев М.Ш. парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва парванда пас аз баррасӣ ва такмил ба додгоҳ фиристода шудааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд 5-уми майи соли 2022 Довутиевро бо моддаи 392 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои як сол равонаи зиндон кард. Исоев Муҳаммадҷон, ки дар қатли ҳамхизматаш даст дошт, бо моддаи 104 қисми 1-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ва ӯ ин муддатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт паси сар хоҳад кард.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.