Сарбози зӯргӯ ба зиндон маҳкум шуд

Муҳриддин Исмоилов, сарбозе, ки наваскаронро латтукӯб карду дар сарашон “КОНИБОДОМ” навишт, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба иттилои “Pressa tj”, Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд гурӯҳвар (сержанти хурд) Муҳриддин Исмоиловро мувофиқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои 5 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти додгоҳ Исмоиловро ба он гунаҳкор донистаанд, ки ӯ ҳангоми адои хидмати сарбозӣ “бо мақсади нишон додани бартарию тавонмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.”

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ аксе нашр шуд, ки дида мешуд сарбозони калонсолтар сари 9 сарбози қаториро таҳқиромез ба шакли “КОНИБОДОМ”, яъне дар сари ҳар нафар як ҳарфро тарошида, онҳоро рост монда ва хандаомез акс гирифтаанд.

Додситонии кулли кишвар пас аз нашри он хабар таҳқиқро оғоз кард ва дар натиҷа муайян гардида, ки ин амалро 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гурӯҳвар (сержанти хурд) Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич анҷом додааст.

Он замон гуфта мешуд, ин корро Исмоилов ҳамроҳи ҳамхидмати худ дар ин қисми низомӣ Давлатов А.М. анҷом додааст. Давлатов ин саҳнаи таҳқиркуниро бо телефони мобилияш акс гирифта ва он аксро баъди адои хидмати ҳарбӣ “15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.”

Додситонии кулли кишвар вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Ин бори аввал нест, ки латтукӯб ва ё таҳқири сарбозон аз ҷониби ҳамхидматони калонсолтар дар шабакаҳои иҷтимӣ нашр мешавад. Чанде пеш латтукӯби бераҳмаонаи гурӯҳе аз сарбозон нашр шуда буд, ки дар ниҳоят омилони он саҳна барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

“Дедовшина” ва ё кеҳтарсолорӣ дар дохили суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Борҳо шуда, ки аз сабаби бадрафтории кеҳтарон ва хунукназарии масъулон наваскарони зиёде кушта шуда, ҷасади онҳо ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шудааст. Шурӯъ аз сарбозшикор то бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аксари ҷавонони тоҷикро аз адои хидмати ҳарбӣ гурезон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Думаи давлатӣ қонуни боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро қабул кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 10-уми июн дар хониши дуюм ва сеюм, яъне ниҳоӣ қонунеро қабул намуд, ки мувофиқи он ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон зиёд карда мешавад.

Беш аз 200 зани маҳбуси тоҷик аз Русия ба Ватан интиқол дода шаванд

Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Ронандаи ҷавон дар обанбори кони тиллои Шугнов ҷон бохт

Як корманди ҷавони корхонаи истихроҷи тилло дар ноҳияи Ховалинг бар асари ба обанбор афтодани мошини борбардораш ҷонашро аз даст дод.

Як ҷавони 18-сола дар Хатлон зиндонӣ шуд

Мақомот дар вилояти Хатлон як ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ карданд.