16.9 C
Dushanbe

Сарнавишти талхи рустабори тоҷикистонӣ, ки мегӯяд мақомдорон хонаву дарашро гирфтаанд

Пас аз 26 соли фаъолият дар корхонаи Алюминии шаҳри Турсунзода ва бо доштани ду хона ӯ ҳоло маҷбураст дар чордеворе, ки аз хиштҳои сементӣ бино шудаву шароите барои зист надорад, умр ба сар барад.

Александр Евгеневич, зодаи Тоҷикистон ва сокини шаҳри Турсунзода, даъво дорад, ки ду хонаи ӯро мақомдорон дар маркази шаҳри Турсунзода азхуд кардаанд. Ӯ мегӯяд 26 сол дар корхонаи Алюминий кор карда, аз онҷо ба муддати се сол ба Муғулистон барои сафари хидматӣ сафарбар шуд.

Дар соли 1999 модару бибиаш аз дунё даргузаштанд. Ҳоло бошад дар назди гузаргоҳи сарҳадии Тоҷкистону Узбекистон дар шаҳри Турсунзода ба сар мебарад. Ва инак 9 сол мешавад, ки дар хонаи нимсохт сукунат дораду касе аз ҳолаш намепурсад. Ӯ иддао дорад, ки мақомот хонаи зисташро маҷбуран аз ӯ гирифтаанд.

То ҳол назари тарафи муттаҳам дастрас нест. Ба гуфтаи Александр ҳоло ӯ ба Русия куч бастааст. Аммо масъалаи азхудкунии манзили шаҳрвандон аз сӯи мақомодорон бори аввал нест.

Олег Панфилов рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷикистонӣ, ки ҳоло дар Гурҷистон зиндагӣ мекунад, пештар аз ғасби ду манзилаш дар Душанбе хабар дода буд. Ҷаноби Панфилов соли 1992 аз Душанбе ҳиҷрат кард ва ҳамон сол як хонааш, ки дар кӯчаи Бинокорон ҷойгир буд, ғасб шудааст. Манзили дуввумаш, ки дар кӯчаи Пушкини бинои 8 хонаи 24 воқеъ буд, ба қавли худи Панфилов дар соли 1997 аз ҷониби Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ғасб гардидааст.

Панфиллов мегӯяд баъди ҳиҷраташ аз Тоҷикистон манзилашро ҳамсояааш генерал Ниёзов нигаҳбонӣ мекард ва шахсони номаълум манзилаш ғасб карда шуд. Баъдан маълум гашт, ки хона аз тарафи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон азхуд карда шудааст.

Қаблан ин хабар дар расонаҳо нашр шуда буд, вале то ҳол аз ҷониби Додситони кулли кишвар ягон вокунише сурат нагирифтааст. Юсуф Раҳмон он замон дар мансаби додситони ҳарбӣ анҷоми вазифа мекард.

Дар соли 2001 Олег Панфилов ба Душанбе меояд ва барои бозпас гирифтани манзилҳояш вакили дифоъ мегирад. Аммо дертар вакили дифоъ ба Панфилов тамос гирифта мегӯяд, ки дигар наметавонад қазияи манзилҳояшро пеш бибарад, чун аз “боло” сахт фишор овардаанд ва ҷонаш дар хатар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.