18.9 C
Dushanbe

Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян аз мақомаш истеъфо дод

Президенти ин кишвар, Армен Саркисян аризаи истеъфои сарвазирро пазируфтааст. Дар ин бора маркази матбуоти Дастгоҳи Президенти Арманистон иттилоъ дод.

Пештар Пашинён дар мулоқоте бо мардуми кишвараш гуфта буд, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад, вале иҷрокунанда дар ин мансаб боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ин қарор ба хотири баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ гирифта шудааст.

Пашинян инчунин қайд кард, ки ҳизбе, ки ӯ роҳбарияшро бар ӯҳда дорад, Ҳизби “Паймони шаҳрвандӣ” дар интихобот иштирок мекунад ва ин ҳизб номзадии ӯро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ хоҳад кард.

“Дар интихобот Ҳизби “Паймони шаҳрвандӣ” иштирок мекунад. Маро ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ мекунанд. Танҳо мардум тавассути овоздиҳии ҳақиқӣ ва одилона ояндаи кишварро ҳал мекунанд.”

Дар миёнаи моҳи апрел Пашинян эълом дошта буд, ки дар даҳаи охири моҳи апрел истеъфо медиҳад, то тартиби интихоботи зудҳангоми парлумониро, ки барои тобистони имсол пешбинӣ шуда аст, оғоз кунад.

Аммо мухолифини Пашинян иддао доранд, ки ӯ аз мансаб комилан биравад ва қудратро ба дигаре супорад, зеро будани ӯ эҳтимол дорад интихобот шаффоф ва одилона нагузарад. Вале сарвазир мегӯяд, интихобот одилона мегузарад ва баъд аз интихобот дар сурати пирӯз шудани дигаре аз қудрат меравад.

Пашинян пас аз эътирозҳои мардумии соли 2018 дар ин кишвар ба сари қудрат омад, аммо тобистони соли гузашта, пас аз мувофиқат кардан ба Созишномаи сулҳ байни Озарбойҷон дар мавриди таслими Қаробоғи Кӯҳӣ ба озариҳо мавриди интиқоди шадиди шаҳрвандонаш қарор гирифт. Мардум даст ба эътироз зада талаби истеъфои фаврии Пашинянро карданд. Аммо сарвазир ба ин назар аст, ки танҳо бо кумаки чунин созиш ба низои шадид хотима гузоштан мумкин аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.