Интиқоди сокинони селзадаи Дарвоз аз мақомоти кишвар

Бар асари ҷорӣ шудани сел чанд хона дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хароб шуданд. Сокинон аз бетаваҷҷуҳии мақомот шикоят доранд.

Ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Дарвоз

Бино ба иттилои масъулони бахши вилоятии Куимтаи ҳолатҳои фавқулодда бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз хонаи ду сокини деҳа комилан ва хонаи се сокини дигар қисман хароб шудааст. Ба гуфтаи мақомоти дахлдори вилоят, сел ҳамчунин ба баъзе заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони деҳа зарар расондааст.

Аммо сокинон аз ноҳияи Дарвоз дар тамос бо Аздо тв маълумоти КҲФ-ро рад карда, мегӯянд, ки сел беш аз 12 хона ва боз чанд макони дигарро хароб кардааст. Аммо мақомот дар фикри онҳо нестанд.

Сокинон бо ирсоли чанд навор аз вуқуи сел ба Аздо тв ва хароб дода, гуфтанд, ки “Сел дар ноҳия 12 хона ва парки Шералӣ Кабир ва ҷойҳои зиёди дигарро хароб кардааст, касе дар фикри мо нест.”

Гуфта мешавад, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия гуфта, ки айни замон то 15 хонаи дигарро хатари сел таҳдид мекунад ва мақомот барои кӯчонидани онҳо ба ҷойҳои амн чора меандешанд. Вале сокинон дар суҳбат ба Аздо тв гуфтанд, ҳоло вақти ҳарчи тезтар кумак расондан ба зарардидагон ва кӯчондани онҳо ба ҷойҳои бехавф аст, вақти чораандешӣ нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Равнақи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Эътимоди сармоягузорон ё таваккали онҳо?

Чанд соли охир Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ...

Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев...

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз...

800 000 шиносномаи русии тоҷикон ва тарси мақомоти Русия 

Масъалаи шаҳрвандигирӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон...