Шабнам Худойдодова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Бунёди “Бузургмеҳр” аз созмонҳои ҳуқуқӣ хостаанд, ки ба қазияи боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.
Акс: ИнтернетШабнам Худойдодова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Бунёди “Бузургмеҳр” аз созмонҳои ҳуқуқӣ хостаанд, ки ба қазияи боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон садо баланд кунанд. Акс: Интернет Хонум Худойдодова рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ бо нашри муроҷиате дар саҳифаи Дар пайи муроҷиати Шабнам Худойдодова, Бунёди “Бузургмеҳр” бо нашри хабаре дар сомонааш аз ҳамроҳ шудан ба ин иқдом хабар […]
Шабнам Худойдодова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Бунёди “Бузургмеҳр” аз созмонҳои ҳуқуқӣ хостаанд, ки ба қазияи боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.
Акс: ИнтернетИнчунин моҳи майи соли ҷорӣ “шахсони номаълум” ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” баъди мусоҳибаҳои онҳо бо Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе ҳамла карда, телефонҳо ва дастгоҳҳои сабти онҳоро зӯран гирифтанд ва то ҳол мақомот ҳамлагаронро пайдо накардааст.
Рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ:
Маҳмадалӣ Ҳаит – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои бастаи ба ҳукми абад маҳкум шудааст;
Раҳматуллоҳи Раҷаб – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст;
Абдуқаҳҳори Давлат – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст;
Зубайдуллоҳи Розиқ – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст;
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст;
Улфатхоним Мамадшоева – моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;
Хушом Гулям – моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;
Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) – 16-уми июни соли 2022 аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;
Далери Имомалӣ – 15-уми июн соли ҷорӣ боздошт ва ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифта шудааст;
Абдуллоҳ Ғурбатӣ – 15-уми июн соли ҷорӣ боздошт ва ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифта шудааст;
Завқибек Саидаминӣ – 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт шуда, то ҳол дар чӣ шароит қарор доштанаш маълум нест;
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – 9-уми июли соли ҷорӣ боздошт шуда, то ҳол дар чӣ шароит қарор доштанаш маълумоте нест.