Ҷанги Украина нархи хӯрокаро дар Русия бесобиқа гарон кард
Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Русия ба таври бесобиқа гарон шудааст. Акс: Интернет Тавре Хадамоти федералии давлатии омор (Росстат)-и Русия хабар медиҳад, нархи шакар дар Федератсияи Русия дар як ҳафтаи гузашта то 13,8% боло рафтааст. Ба гузориши сомонаи “Sugar.ru“, бо такя ба иттилои ниҳоди давлатии омор, давоми чанд […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Русия ба таври бесобиқа гарон шудааст.
Акс: Интернет
Тавре Хадамоти федералии давлатии омор (Росстат)-и Русия хабар медиҳад, нархи шакар дар Федератсияи Русия дар як ҳафтаи гузашта то 13,8% боло рафтааст.
Ба гузориши сомонаи “Sugar.ru“, бо такя ба иттилои ниҳоди давлатии омор, давоми чанд рӯзи ахир дар Русия нархи тамоми маҳсулоти ниёзи аввал ба таври назаррас гарон шуд. Ба хусус нархи шакар дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш танҳо дар як ҳафтаи ахир 12,8% боло рафта ва аз аввали сол бошад 37,1% гарон шудааст.
Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта, аз 12 то 18-уми март дар бозорҳои ғизои ин кишвар баландтарин суръати афзоиш нархҳо мушоҳида шудааст.
Ҳамчунин нархи меваю сабзавот ба хисоби миёна 3,8% афзуда, нархи пиёз дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта то 13,7% боло рафт. Нархи баъзе дигар махсулоти меваю сабзавот низ бо суръат гарон мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.