Бозори “Султони Кабир” баста мешавад

Бозори “Султони Кабир”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, ки дар он масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта мешавад, аз 1-уми марти соли 2022 баста мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе 24-уми ноябр хабар дод.

Мақомот сабаби барҳам додани ин бозорро дар мутобиқ сохтани кӯчаҳои Душанбе ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир гуфтаанд.

Инчунин мақомоти шаҳрдорӣ таъкид мекунанд, ки ба монанди бозори “Султони Кабир” низ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Саид”-“Осиё” ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои “Мадад” дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино низ баста мешаванд.

Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯянд, ки соҳибкорони ин бозору марказҳои савдо ба дигар маҳал кӯчонида мешавад. Аммо бозори “Султони Кабир” ба куҷо кӯчонида мешавад, чизе гуфта нашудааст.

Бозори “Султони Кабир” яке аз бузургтарин бозорҳои Душанбе буда дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир аст ва он соли 2000 сохта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.