Кирилл Кабанов: Барои зодагони ОМ хидмат дар артиш ҳатмӣ шавад!

Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия пешниҳод карда, ки барои зодагони Осиёи Марказӣ, ки то даҳ соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кунанд.

Тибқи ин пешниҳод агар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз хидмат дар артиши Русия саркашӣ кунанд, худашон ва пайвандонашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.

Узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия мегӯяд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба адои як соли хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷалб карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод дар доираи фармони Владимир Путин дар мавриди қисман басиҷкунӣ ба артиш матраҳ шудааст.

Кабанов ин пешниҳодро “вокуниши муносиб” ба манъи расмии мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи иштироки шаҳрвандони худ дар ҷанги Украина, ки Русия онро “амалиёти махсус” гуфтааст, медонад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз судури фармони Путин дар бораи қисман басиҷкунӣ ба артиш сафоратҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Федератсияи Русия ва Додситонии кулли Узбекистон ва Қазоқистон аз шаҳрвандонашон хоста буданд, ки дар ҷанг дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ширкат накунанд, чун иштирок дар он ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Чанд зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, ки баъд аз эълони басиҷкунӣ онҳоро ба артиш даъват кардаанд ва ҳеҷ роҳе ҷуз рафтан ба сарбозиро надоранд.

Дар сурати сарпечӣ аз рафтан ба ҷанг, онҳоро аз 10 то 15-соли зиндон таҳдид мекунад ва инчунин дар сурати фирор аз ҷанг мақомоти Русия таҳдид кардаанд, ки зану фарзандон ва волидайнашонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳанд кашид.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Azda tv, баъд аз дастури Путин барои басиҷкунии 300 ҳазор нерӯи захиравӣ, қонунҳои низомӣ як шаба дар Русия тағйир кардааст, барои мисол пештар шаҳрвандоне, ки 2 фарзанд доштанд ва ҳамсарашон ҳомилаи 5 моҳа мебуд аз рафтан ба артиш озод буданд ва ҳоло дар як шаб ин қонунро тағйир дода, шарти нарафтан ба ҷангро 3 фарзанд ва бордор будани 4-ум фарзанд муайян кардаанд.

Муҳоҷирон таъкид мекунанд, ҳамзамон ҳеҷ маҳдудияте дар ин басиҷкунӣ вуҷуд надорад, ҳам падарро бо писар ба ҷанг бурда истодаанд ва ҳам аз як оила ду бародарро бо ҳам.

Инчунин ваъдаи мақомот дар мавриди ин ки касоне, ки ба ҷанг фиристода мешаванд, ҷои корашон ҳифз мешавад, низ иҷро намешавад ва корфармоҳо коргаронеро, ки ба ҷанг мераванд, бо омадани даъватнома аз кор ихроҷ мекунанд.

Azda tv аз тоҷикистониёни муқими Русия эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки аз раванди басиҷкунии мақомоти ин кишвар ҳар муълумоте ва ё аксу наворе доранд, барои нашр кардан ба унвонии мо бифиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад Чин роҳҳояшро бисозад. Вале бо чӣ имтиёзе?

Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.

Захираҳои Тоҷикистон ба $6,8 млрд расиданд: нақши муҳоҷирон дар ин миён чӣ гуна аст?

Захираҳои Тоҷикистон то моҳи майи соли 2026 тақрибан ба 6,8 миллиард доллар расиданд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди кишвар ҳамоно ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад.

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.