-0.1 C
Dushanbe

Шикояти як фаъоли сиёсӣ: “Фарзандамро мақомоти кишвар гаравгон гирифтаанд”

www.azda.tv

Муҳаммадзариф Саидов, узви фаъоли ҲНИТ бо муроҷиати видеоие дар шабакаи фейсбук хабар дод, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон фарзанди 14-солаи ӯ Муҳаммадҷон Саидовро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ (худи Муҳаммадзариф) як сол мешавад гаравгон гирифтаанд.

Нусхаи хаттии изҳороти Муҳаммадзариф Саидов ба дасти “Azda.tv” расид, ки дар он номбурда гуфтааст, фарзанди 14-солаи ӯро маҳз мақомоти қудратии Тоҷикистон, бевосита бо дастури раиси КДАМ ва вазири КДТ барои фишор овардан болои Муҳаммадзариф дастгир намуда, дар як мактаби душвортарбия, ки асосан кӯдакони бероҳаву аз ҷиҳати руҳиву равонӣ носолим ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, маҷбуран нигаҳдорӣ мекунанд. Ва намегузоранд, ки аз онҷо ба ҷои дигаре биравад.

Муҳаммадзариф меафзояд, ки дар дасташ сабту наворҳое вуҷуд дорад, ки дар ин кор бевосита даст доштани кормандони амниятии кишварро исбот месозад. Ба гуфтаи ин фаъоли сиёсӣ, ин ҳама фишорҳо ба хотири хомӯш кардани ӯ роҳандозӣ шудааст.

Ӯ зимни муроҷиаташ аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи кӯдак хостааст, ки ба қазияи ӯ дахолат кунанд ва мепурсад, ки чаро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ болои хонаводааш фишор меоваранд ва фарзанди ноболиғашро гаравгон мегиранд.

Таъқибу фишор болои фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон солҳост расонаӣ мешавад. Мухолифони берун аз кишвар аз он шикоят доранд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон барои фишор овардан болои онҳо хонаводаҳояшонро мавриди озору азият ва бозпурсиҳои беҳуда қарор медиҳанд.

Чанде пеш як фаъоли сиёсии дигар, Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтаи ҲНИТ дар Олмон дар саҳифаи фейсбукияш аз боздоштҳои густардаи хешовандонаш хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, барои хомӯш карданаш мақомот  дар давоми 13 тан аз аъзоёни хонаводаашро бо шумули мардону занон ва кӯдакони навзод барои бозпурсӣ ба идораҳои КДАМ бурданд.

Муроҷиати матнии Муҳаммадзариф Саидовро метавонед дар зер мутолиа кунед:

Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмазариф Саидов, падари Муҳаммадҷон  Саидови 14 сола, кӯдаке  ки аз ҷониби  мақомоти қудратии кишвар, ҳамкнун чанд моҳ мешавад, гаравгон гирифта шудаасту ҳоло ҳам дар асорат қарор дорад. Моҳи декабри соли 2019-ум ман аз рӯйи ин қазия, яъне гаравгон гирифтани писарам аз ҷониби мақомоти қудратии кишварро расонаи карда будам. Баъди он мақомоти амнияти миллӣ болои хонадони мо фишор оварданд, то ман хомӯш бошам ва мисли ҳамеша ваъдаҳое доданд, ки агар ман эътироз накунам, писарамро озод мекунанд. Ин мақомоти қудратии кишвар ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ниҳоди боэътимоде нест, ки бовараш кунем, вале ба хотири ҷамъоварии санадҳо барои пешкаш ба созмонҳои ҳуқуқи, то ҳадде кудакро мутмаин кардан ки ман хомӯшам  ва шуюи коронавирус, ки ҳама ниҳодҳо дар карантин қарор доштанд, зоҳиран хомӯш будам. Аммо чандин ҳуқуқшиносон пайгири доштанд ва болои ин қазия кор мерафт. Маводҳо ва санадҳои кофӣ аз сабти садои кормандони Вазорати маориф ба хусус аз Идигул Авғонова ки яке аз масъулони вобаста ба ин мактаб аст шуруъ карда, то сабт аз суҳбатҳои ҷаноби Тоҷиддин, як корманди  Прокуратураи генералӣ ва аз шоҳидҳо, инчунин  аз се нафари дигар сабт ба дастам расид, ки дар он ин се нафар худро яке Мубин дигари Шуҳрат ва савуми Ворис муарифи мекунад. Инҳо нафароне мебошанд, ки аз рузи аввали ба кишвар омадани писарам бе восита дар шиканҷа кардани кудак даст доштанд. Ҳоло мехоҳам дар ин шабу рӯзе, ки баъзеҳо аз суҳбат бо оилаи мухолифин  метарсанд, аз онҳое изҳори сипос намоям, ки қаҳрамонӣ ва ҷасорат нишон дода, маводҳои муҳимро аз ҳама ниҳодҳои лозима ҷамъ оварданд. Ин шо Аллоҳ, ин далелҳо ба созмонҳои ҳуқуқи ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар наздиктарин фурсат расонида хоҳад шуд. Мутаасифона мақомоти расмиву қудратии Тоҷикистон тамоми қонунҳои инсониро зери по карда даст ба шиканҷаи равонии фарзанди ман мезананд. Писари ман, Муҳаммадҷон  Саидови 14 сола дар мактаби душвортарбия, ки асосан кӯдакони бероҳаву аз ҷиҳати руҳиву равонӣ носолим ба таҳсил фаро гирифта мешаванд маҷбуран нигаҳдори мешавад! Дар замони таътил ва дар ин авҷи шуюъи коронавирус ҳама нафарони мактаби мазкур  ба хона назди волидонаш фиристода шуданд, ба ҷуз фарзанди ман ва чанд нафари дигаре аз ҳамтақдиронаш, ки бо гуфтаи мақомот се сол бояд онҷо бошанд! Аз рӯйи кадом қонуну қоида писари ман бояд чун ҷинояткор инҷо нигоҳдори шавад?! Ин зидди тамоми қонунҳои байналмилаливу инсонист, ки кӯдаки ноболиғро ба хотири ақидаҳои сиёсии падараш гаравгон гирифту шиканҷа кард. Писари ман зери шиканҷаи равониву ҷисмонӣ қарор дорад, ки инро мешавад аз наворҳо ба хуби дарк намуд! Мактаби душвортарбия тобеъи Вазорати Корҳои Дохилӣ мебошад (агарчи расман тобеъи вазорати маориф аст), ки бояд ноболиғони дузду бекора бо қарори суд ва ё бо пешниҳоди падару модар ба таҳсил фаро гирифта шаванд! Писари маро, ки хеле хоҳиши хондан дошт, бо роҳи фиреб ба ин макон оварданд. Чун медонистанд, ки оилаи мо кӯшиши пайдо намудани як мактаби хубро барои писарам дорем, мақомоти қудрати ва маҳали модарашро фиреб карданд, ки «писаратро ба литсеи президентӣ мемонем», вале ба ин мактабе, ки аз маҳбас ҳеҷ болои надораду ҳоло дар ҳолати нимсадамавӣ қарор дошта, вазъи гигиениаш хело бад  буда монданд. Бо роҳи фиреби модараш кудакро ба ин мактаб бурданд як ҷиноят бошад,  ҷинояти дигар бо иттилои мақомот бо қарори суд  12 – уми ноябри 2019 писари ман, Муҳамадҷонро ба ин мактаб гузоштанд, дар ҳоле ки қарори суд 16-уми апрели 2020 қабул шудааст. Кай дар куҷо ва чигуна баргузор шудани суд касе намедонад, ҳатто модараш дар суд иштирок надошт. Магар чи ҷинояте фарзанди ман содир карда, ки мисли ҷинояткоре дастгираш карданду пеш аз қарори суд таъҷилан боздошт ва ба ин мактаб бурда шуд?! Ин магар говсуди як кӯдаки бегуноҳи ман нест?! Ин магар маҳдуд кардани озодиҳои як наврас нест?!… Аз 20 уми марти соли 2019-ум то вақти ба мактаб бурдан ва ҳатто дар ҳамин мактаб то ҳол писари ман ҳамеша зери фишори равонӣ қарор дорад. Даҳҳо маротиба  писари бечораи аз дунё бехабари маро ба РКҶВКД бурданду бо фишори зиёд аз ин кудак назди дурбин филмбардорӣ карданду ҳоло ҳам кардаистодаанд. Борҳо ба писарам, модараш ва ба чанде аз наздиконам гуфтанд, ки кудакро ба хотири фаъолиятҳои падараш гаравгон гирифтаем. (сабту навори гуфтаҳояшон  наздам ҳаст). Ман Маҳмазариф Саидов ҳамчун падари ин кӯдак, ки моҳҳо мешавад зери шиканҷаи равониву ҷисмонӣ қарор дорад, ба ҳама созмонҳои ҳуқуқи башар, UNICEF, СММ, ҳамчунин ба нафароне, ки аз ҳуқуқи кӯдакон ҳимоят мекунанд, ба хабарнигорону рӯзноманигорони дохиливу бурунмарзӣ ба ҳама гуруҳҳои мувофиқу мухолифи ҳукумат, ба якояки шумо ҳамватаноне, ки мисли ман падар ҳастеду фарзанд доред, ва мехоҳед барои озодии як кӯдак саҳм дошта бошед, ҳақ медиҳам ва хоҳиш мекунам ки аз писари ман Саидов Муҳаммадҷон ҳимоят кунед. То писари моҳҳо зери шиканҷаи ҷисмониву равони қарор доштаи ман аз зери зулм озод карда шавад. Дар симои фарзанди ман чеҳраи фарзанди худатонро бубинед, ки агар дар чунин ҳол бошад чи қадар барои як падар мушкил аст. Ба дастгирии якояк

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.