16.9 C
Dushanbe

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.

16-уми июли соли 2024, бархе соконони кӯчаи Леваканди шаҳри Бохтар бо нашри наворҳое шикоят кардаанд, ки чор моҳ инҷониб мардум дар ин минтақа аз беобӣ танқисӣ мекашад.

Ин шикояти сокинон дар ҳоле садо медиҳад, ки масъулини шаҳрдории Бохтар ҳам имрӯз эълон кардаанд, ки шурӯъ аз соати 8:00-и имрӯз то соати 10:00 рӯи 19-уми июли соли ҷорӣ оби нӯшокӣ қатъ мешавад ва мардум бояд барои худ обро захира кунанд.

Сокинони шаҳри Кӯлоб низ аз камобӣ дар ҳавои гарми тобистон шикоят доранд. Молик Мусавӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб чунин навиштааст: ”Вақте ҳамагӣ 2 км. дуртар аз шаҳр дарёи оби нӯшокӣ беҳадаф ҷорӣ асту нисфи шаҳр беоб мемонад, айби кӣ аст- аз ҳукумати ҷумҳурӣ ё ҳукумати шаҳр? Оё чунин шаҳрҳоро медонед?”

Ҳамзамон як сокини пойтахт бо нашри чанд акс аз филтери оби хонааш, ки пур аз қуму, гилу ошғол аст, аз ифлос будани оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ба президенти кишвар шикоят кардааст.

Мушкилоти беобӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон дар ҳоле беш аз пеш зиёдтар мешавад, ки шохаҳое аз оби дарёи Вахш аз дохил ва атрофи он убур мекунанд ва агар раҳбарони вилояти бихоҳанд, метавонанд бо харҷи кам ин мушкили мардумро сари вақт бартараф кунанд. Аммо, масъулин мушкилоти мардумро дониста сари вақт барои бартараф кардани онҳо иқдом намекунанд.

Инчунин бархе сокинони шаҳри Турсунзода дар ин рӯзҳои гарми тобистон аз набуди об изҳори нороҳатӣ доранд. Шаҳри Турсунзода, яке аз шаҳрҳои гармтарин Тоҷикистон баҳисоб меояд, ва камбудии об ё катъ кардани он зиндаги мардумро душвортар кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар беш аз ду даҳсолаи ахир аз ҳама минбарҳое, ки барои ӯ фурсат дода мешуд, дар бораи оби тоза барои ошомиданӣ, ва камобӣ дар дигар кишварҳои дунё суҳбат мекард, ахиран нишасти ҷаҳоние низ бо ҳузури Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар шаҳри Душанбе дар бораи даҳсолаи об баргузор кард, аммо ҳамоно мардум дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки сокинони шаҳр борҳо дар бораи чунин мушкилоти камобӣ ва ё беобии худ ба масъулин арзу шикоят кардаанд, аммо чун дар Тоҷикистон вазифаҳо хариду фурӯш мешаванд ва дар хеле марвидҳо касоне ба вазифаҳо таъйин мешаванд, ки аз уҳдаи кор баромада наметавонанд, мушкилоти мардум зиёдтар ва эътимоди онҳо нисбат ба ҳукумат камтар мешавад ва сокинон ҳам маҷбур мешаванд, ки ҳама дарду додхоҳии барои рафъи мушкилоти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо рӯзноманигорон ва дигар фаъолони ҷомеа бигӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби "France Football" барои дарёти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, "Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?"