Таҳмина Самадова, муқими Русия ва зодаи Тоҷикистон аз болои мақомоти шаҳри Митиши ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Хонум Самадова, ки модари ҳафт фарзанд аст, зимин шикояташ ба додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав хостааст мақомот шаҳодатномаи давлатии хариди манзилашро, ки зиёда аз 24 миллион рубли русӣ аст, барқарор кунад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, додраси Митиши дар охирҳои моҳи май даъвои зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадоваро дар ин маврид шунидааст ва мурофиаи навбатӣ дар моҳи июл баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба оилаи Таҳмина Самадова, ки 15 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии ин кишварро доранд, шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.
Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.
Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар Фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.
Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.
Пас аз боз шудани парванда нисбати ин модари серфарзанд, Кумитаи тафтишот нисбати муовини шаҳрдори Митиши низ, ки сардори Комиссияи тақдими сертификат буд, бо иттиҳоми хунукназарӣ (моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва хонаводаи Таҳмина Самадова аз рӯйхати хонаводаҳои камбизоат бароварда шуд.
Додситонӣ қарори тафтишотро дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Таҳмина Самадова ва муовини шаҳрдори Митиширо бекор карда буд, вале ҳоло тафтишоти парвандаи ҷиноӣ дубора оғоз шудааст.