Тағйироти кадрӣ. Ширин Амонзода аз вазифааш барканор шуд

Дар Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 5-уми январи соли 2023 дар манасбҳои гуногун тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аммо расонаҳои марбут ба Ҳукумат то ҳол ин фармонҳоро нашр накардаанд.

Дар тағйироти имрӯза Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Ба курсии ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, собиқ вазири Агентии омори кишвар такя зад. То ҳол маълум нест Амонзода ба кадом вазифа таъйин карда шуд.

Тавре “Азия-Плюс” аз манобеаш хабар медиҳад, дар тағйироти кадрии имрӯза ҳамчунин ба мансаби вазири Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин када шудаст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар мақомоти кишварро тасдиқ карда, вале гуфтааст, “ҳоло расман фармонҳоро дар даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххас чизе гуфта наметавонем.”

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.