Террори як тоҷики даҳсола дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия дар 16-уми декабри имсол, дар рӯзи баргузории паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон нуқтаи атф дар сиёсати фашистии Русия, аз шарикони стратегии Тоҷикистонро рақам зад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шаҳиди аъло хонд.
“Аз Русия гум шав!”
Қабл аз ин ки ба тафсири ин террор пардозем, бояд гуфт, Қобилҷон Алиев танҳо шаҳиди масъуми тоҷикистонӣ дар ҳиҷрат набуда, балки барои аввалин бор ба ин шева куштани атфоли тоҷик дар Русия ҳанӯз соли 2004 иттифоқ уфтода буд.
Хуршеда Сулотонова аз аввалин атфоли тоҷики қурбонии нажодпарастӣ дар ҳиҷрат буд, ки дар нуҳуми феврали соли 2004, дар синни нуҳсолагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷоми шаҳодат нӯшид. Ӯ дақиқан ба мисли Қобил Алиев кушта шуд. Замони ҳамла болои Хуршеда Султонова, ки ҳамроҳ бо падар ва писари амуяш аз гардиш дар порк бармегашт, шиорҳое ба мисли “Аз Русия гум шав!”, “Инсонҳои сиёҳро бикӯб!” шунида шудаанд.
Валентина Матвиенко, ки он замон губернатори Сантк-Петербург буд, амр кард, то “қотилонро аз таги замин ҳам бошад, пайдо кунед”. Дувоздаҳ нафар ба унвони мазнун дар ин қазия таҳти пайгард қарор гирифтанд ва ҳафт нафари онҳо боздошт шуд. Аммо дар зимни маҳкум кардани эшон ибораи “барангехтани адовати миллӣ”, ки аслитарин сабаби қатли ин духтари нуҳсолаи тоҷик буд, аз парванда ба таври мармуз ғайб зад ва омилони ин террор ба гуноҳи авбошӣ аз 5,5 то 1,5 сол ба муассисаи тарбиятӣ маҳкум шуданд. Ҳол он ки мудофеини ҳуқуқи башар мегуфтанд, куштани инсон на авбошӣ, балки ҷиноят аст, аммо ингор ки ин садоро аз мақомоти додгоҳӣ касе нашунид ва ҳукми додгоҳ ҳам тағйир накард.
Дар соли 2006 чанд нафар аз аъзои “Созмони террористии ҷангӣ”, як созмони ифротӣ дар Русия боздошт шуданд, ки қатли Хуршеда Султоноваро низ ба дӯш гирифтанд. Дмитрий Боровиков, раиси ин созмон дар зимни боздошт кушта шуд.
Ҷинояти бе ҷазо
Аз миёни кулли ин кӯдакони тоҷике, ки дар Русия кушта шуданд, Умаралӣ Назаров хурдатарини онҳо буд. 13-уми октябри соли 2015, замоне ки ӯ ҳанӯз панҷ моҳ дошт, мақомоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ба далели нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар модари ӯро боздошт карданд ва кӯдакро аз ӯ гирифтанд. Аммо ҳамон шаб дар шароити мармуз Умаралӣ Назаров дар Бемористони ба номи Симбалинаи Санкт-Петербург даргузашт. Баъдтар эълон карданд, ки ӯ ба далели гирифторӣ ба бемории “ситомегавирус” фавтидааст.
Чаҳор сол пас аз марги Умаралӣ Назаров Маркази зиддитабъиз даргузашти ӯро “намунаи фоҷиабори нақзи ҳуқуқи атфоли муҳоҷир” эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, замоне ки мақомоти пулис манзили Заррина Юнусова, модари Умаралиро дар заданд, ӯ ҳамроҳ бо бародари шаваҳараш дар хона буд, вале ба ҷуз аз шаҳодатномаи таваллуди фарзандаш ҳич ҳуҷҷате аз қабили шиносномаҳои худи ӯ ва шавҳараш дар хона набуд. Ба ин далел мақомот Умаралӣ Назаровро аз ӯ гирифтанд. Манбаъ мегӯяд, ба далели надонистани забони русӣ Заррина Юнусова натавонист ҳуҷҷатҳои лозимро ба мақомоти пулис ироа кунад, ки бо ин ҳол, бояд мақомоти пулис аз хидмати мутарҷим истифода мекарданд, ки накарданд. Дар натиҷа, Заррина Юнусова ба шуъбаи пулис мунтақил шуду Умаралӣ Назарова ба бемористон.
Баъдтар, ба иттилои Маркази зиддитабъиз, модарбузурги Умаралӣ Назаров ҳуҷҷатҳои лозимро ба шуъбаи пулис бурд, аммо мақомоти пулис ин ҳуҷҷатҳоро напазируфтанд ва кӯдак дар бемористон, аз модар ҷудо боқӣ монд. Суҳби рӯзи дигар хабари марги ӯ расонаӣ шуд.
Шаш рӯз пас аз фавти ин кӯдак мақомот алайҳи омилони марги ӯ парвандаи кайфарӣ боз карданд, ки он на танҳо мақомоти Хадамоти федералии муҳоҷират, пулис, пизишкон, балки волидони кӯдакро низ шомил мешуд. Ба иддаои манбаъ, гӯё онҳо вазоифи худро дар ҷиҳати тарбияти кӯдак иҷро накардаанд. Аммо дар соли 2016 ба далели адами нишони ҷиноят дар марги Умаралӣ Назаров таҳқиқи ин парванда қатъ шуд ва муаммои марги ӯ сарбаста боқӣ монд.
Қатл пас аз таҷовуз
Ҳувайдо Тилозода, дигаре аз атфоли тоҷик буд, ки дар моҳи июли соли 2018, замоне ки панҷсола буд, дар ноҳияи Серпуховаи вилояти Маскав ба қатл расид. Александ Сёмин, нафаре, ки Ҳувайдо Тилозодаро дар аввал таҷовуз ва баъдан қатл кард, пас аз панҷ соли баррасии ин парванда ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
18-уми июли соли 2018 Ҳувайдо Тилозода, ки дар майдончаи назди манзили иҷораашон бозӣ мекард, ғайб зад ва рӯзи дигар ҷасади ӯро аз дохили кифи варзишие дар роҳи қатор пайдо карданд.
Кумитаи таҳқиқотии Русия гуфта буд, ба иллатии гирифтории Александр Сёмин ба бемории ихтилоли рӯҳӣ таҳқиқи парвандаи ӯ панҷ сол тӯл кашид. Ахиран ӯ ба ҷурми бо зулму ситам куштани кӯдак ва таҷовузу соири ҳаракоти шаҳвонӣ дар нисбати як ноболиғ муттаҳам шуд. Зимнан, Кумитаи таҳқиқотии Русия гуфтааст, ӯ дар солҳои 2015 ва 2017, ду бор ин гуна ҷиноётеро муртакиб шудааст.
Марги кӯдак ба сабаби шиканҷа
Далер Бобиеви шашсола пас аз чанд соли зиндагии сахт аз тарафи васияш дар шаҳри Екатеринбург кушта шуд. Ӯ замоне кушта шуд, ки падараш Хуҷанобиддин Бобиев, зодаи ноҳияи Хуросони Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрванди Русия зиндонӣ буд. Пас аз зиндонӣ шудани падар ва майзадагии модар тақдири Далер Бобиев ба дасти Вероника Наумова ба унвони парастори ӯ супорида шуд.
Ба навиштаи сойти “Газета ру”, “писар чанд сол азоби гуруснагӣ, латукӯб, нишастан зери оби сард ва баста шудан дар ҷое”-ро мутаҳаммил шуд. Пас аз кулли заҷрҳое, ки Далер Бобиев дар хонаи парастораш мутаҳаммил шуд, ба дасти васияш Вероника Наумова кушта шуд. Шаст мавриди ҷинояти парастораш алайҳи ӯро додгоҳ сабт кардааст. Вероника Наумова ӯро пас аз латукӯб дар ванна, зери об нигоҳ доштааст, ки бар асари нарасидани ҳаво ҷон ба Ҷаббор супурдааст. Ҷасади ин кӯдакро баъди шаш моҳи кушта шуданаш аз дохили гараже пайдо карданд, ки онро парастораш ба иҷора гирифта буд.
Ҳамин тариқ, додгоҳ Вероника Наумоваро ба 24, Александр Наумов, шавҳари ӯ ва Даниил Иголниковро барои ҳамдастӣ дар ин куштор ба панҷ солии зиндон маҳкум кард.
Чаро террор?
Болои ин ки Қобилҷон Алиев чӣ тавр кушта шуд, тамаркуз намекунам, зеро қатли ин кӯдаки маъсум на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки мусалмонони Осиёи Марказӣ, Қафқозу Русия ва Афғонистонро ба сӯг нишонд. Зимнан, кулли иттилоъ дар робита ба чӣ шева қурбон шудани ӯ дар интернет мавҷуд аст. Ба ин хотир ба ҷузъиёти кушта шудани ӯ намепардозам, балки суроғи таърифи терроризм хоҳам рафт, то асли муқаддима рӯшан шавад.
Дуруст аст, ки феълан таърифи мушаххасе аз терроризм вуҷуд надорад ва баҳсҳо дар ин замина идома доранд. Вале дар зимни ин таърифҳои мухталиф умумиятҳое вуҷуд доранд, ки қобили инкор нестанд. Яке аз онҳо ин аст, ки “терроризм истифода аз таҳдид ё хушунат алайҳи афрод ё моли онҳо бо ҳадафи сиёсӣ ё иҷтимоӣ аст. Он, дар маҷмуъ, бо ҳадафи тарс додан ё маҷбур кардани ҳукумат, афрод ё гурӯҳе барои тағйири рафтор ё сиёсатҳои онҳост”.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба ангезаи куштор назар бояд кард. Бар асоси иттилои расонаҳо, рафтори Тимофей К. қабл аз қатли Қобилҷон Алиев, ки гуфта мешавад, дунболи “сарсиёҳ”-ҳо мегашт, ҳадафи ӯро бештар сиёсӣ ҷилва медиҳад, ба ин маънӣ, ки агар ӯ боздошт намешуд, шаҳиди маъсуми тоҷик ба унвони як “сарсиёҳ” ҳадафи ахири ӯ набуд. Ҳамчунин нашри манифести ӯ дигаре аз далоили сиёсӣ будани ин куштор аст. Яъне, дар зимни иҷрои амали террористӣ барои қотил муҳим нест, ки кӣ кушта мешавад, балки муҳим он аст, ки ба ин васила паём диҳад ва дар миёни он қишре аз ҷомеа, ки ҳадафи ӯст, ҳарос ба вуҷуд орад. Ба ин далоил куштори тифл террор будааст.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Тимофей К. феълан боздошт ва аз ҷониби додгоҳи вилояти Твер мутобиқ ба моддаи 105 КҶ ФР, қисми 2, бандҳои “а”, “в”, “к”, “л”, “о” алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз бандҳое, ки Тимофей К. ба он муттаҳам мешавад, “куштори ноболиғ бар асоси нафрат ё душмании идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ”-ро шомил мешавад.
Ҳимоят аз ҳаққи шаҳрванд – таҷаллии истиқлол
Бояд гуфт, аз миёни он атфоли муҳоҷире, ки дар Русия кушта шуданд, қазияи Хуршеда Султонова ва Қобилҷон Алиев шабеҳи ҳам ва аз дигарон мутафовитанд. Шабоҳати ин қазия ин аст, ки ин ду марҳум бинобар ангезаи нажодӣ ба қатл расиданд ва ҳич далеле дар ҷиҳати радди ин ангеза мавҷуд нест. Ба ин далел буд, ки Қобилҷон Алиев аз ин дунё рафт ва оламеро бар сӯг нишонд. Қатли Хуршеда Султонова низ хеле фаҷеъ буд, аммо ба далели адами тавсеаи кофии интернет дар Осиёи Марказӣ дар он замон эҳсоси ҷомеаҳо мушоҳида нашуд.
Қатли Қобилҷон Алиев хашми ғазаби зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки бештари коргарони муҳоҷир дар Русия аз ин кишварҳо ҳастанд, барангехт.
Вузарои умури хориҷӣ, дохилӣ, маориф ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз ин куштор аз ҳамтоёни руси худ таҳқиқи мунсифонаи қазияро тақозо карданд. Шоирони тоҷик, аз қабили Абдулқодири Алавӣ, Ато Мирхоҷаи Нерӯ, Бузургмеҳри Баҳодур, Камол Насруллоҳ, Марямбонуи Фарғонӣ, Робияи Холмирзо, Рудобаи Мукаррам, Рустами Ваҳҳоб, Ҳақназар Ғоиб, Фирдавси Аъзам ва дигарон дар фироқи ин тифл шеър гуфтанд.
Созмонҳои мухолифи Тоҷикистон дар табъид низ ин кушторро ба лаҳни шадиде маҳкум карданд ва қисман ҳукуматҳои Тоҷикистону Русияро муқассири ин куштор донистанд. Онҳо бо баргузор кардани тазоҳурот дар Олмон аз Тоҷикистон тақозо карданд, ки Александр Дугин, идеологи Кремл, Сергей Миронов, вакили Дума, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи бозҷӯӣ, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилӣ, Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русияро ба унвони омилони барангезандаи адовати қавмӣ бо хоки Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ба ҷуз ибрози ҳамдардию тақозоҳои эшон аз ҳукумат онҳо ва ҳамчунин иқдомоти худи ҳукумат чӣ суде барои ин миллат хоҳанд дошт? Дуруст аст, ки эҳсосу ғусса ва ғамгинии ин ниҳодҳо, бешак, қобили қабул аст, аммо ояндаи муҳоҷирон чӣ хоҳад буд? Вазъи мухолифини тоҷик дар Урупо мушаххас аст, ки онҳо ҳич василаи мавзеъгирии ҷиддӣ дар қиболи Русияро надоранд, ки тавонанд Кремлро маҷбур ба тағйири сиёсати муҳоҷирати ин кишвар кунанд. Аммо ҳукумат чӣ?
Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон, ҳарчанд чанд вазорате таҳқиқи одилонаи қазияро тақозо карда, аммо ин камтарин иқдомест, ки аз тарафи ҳукумат сурат мегирад. Зеро баръакси мухолифин ҳукумат имкони васеътар аз инро дорад.
Ба ёд биёрем иқдомоти Ҳукумати Озарбойҷонро пас аз амалиёти мақомоти низомии Русия барои боздошти озариҳои шаҳрванди ин кишвар. Пас аз амалиёти мақомоти Русия барои боздошти озариҳои ин кишвар, ки ду нафари онҳо дар он ҳангом кушта шуд, Бокуи расмӣ ҳудуди 10 шаҳрванди Русияро дар хоки худ боздошт кард ва гузашта аз ин дафтари хабаргузории “Спутник” дар Боку мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт, ки Игор Картавих, мудир дафтар ва Евгений Белоусов, дабири онҳо ба ҷосусӣ муттаҳам шуданд.
Албатта, ин амали бамисли Боку дар пайи боздошти озариҳо буд. Бо тамсили ин иқдоми Боку ҳич иддаое дар миён нест, ки бар ивази қатли Қобилҷон Алиев ҷониби Тоҷикистон касе аз шаҳрвандони Русияро қатл кунад, балки Душанбеи расмӣ метавонист сафири Тоҷикистон ва ҳайати сафорату консулгарҳо дар Маскавро ба кишвар бозхонад ва сафири Русия дар Тоҷикистонро фурсат диҳад, то ӯ кишвари моро тарк намояд. Матраҳ кардани масъалаи берун кардани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз дигар мавзуъҳои ҷиддӣ барои иқдоми ба мисли Душанбе бо Маскав дар ҷиҳати таҳқиқи қазияи куштани Қобилҷон Алиев ва фароҳам кардани шароити беҳтари ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки яке шартҳои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беҳбудии шароити иқомат ва кори муҳоҷири корӣ дар Русия буд, ки Маскав бо тағйири қавонини марбути муҳоҷирати худ на танҳо барои коргарони муҳоҷир суҳулат эҷод накард, балки бо эҷоди шароити сахт барои онҳо сиёсати муҳоҷирситезиро дар дастури кор қарор дод. Мавҷи ҷадиди муҳоҷирситезии ахир дар баҳори соли 2023 рӯ зад, ки то ҳол идома дорад. Як сол пас аз он ҳаводиси “Крокус Сити” ба вуқуъ пайвастанд, ки бар иловаи таъзйиқу фишори мақомоти интизомии Русия тавсеаи фаъолияти “Русская община” бар мушкили коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ афзуд, ки гуфта мешавад, зери ҳимояти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Александр Бастрикин, раиси Кумитаи бозҷӯии ин кишвар фаъолият мекунад.
Натиҷаи табилоғоти густарда ва худсарии ин ниҳоди ба ном мардумӣ ва сиёсатҳои муҳоҷирситезӣ аст, ки ҳатто дар мактаб кӯдаки тоҷик кушта мешавад. Ин ба ин маънист, ки Маскав уҳдадориҳои худро дар ҷиҳати эҷоди суҳулат барои кору фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба ивази ҳузури пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон куллан ботил кардааст. Аз ин рӯ, ин тағйироти ахир далели муҳкаме барои ботил кардани қарордоди Русия ва Тоҷикистон дар ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомии рус дар хоки тоҷик аст. Бинобар ин, агар Тоҷикистон иддао мекунад, ки мустақил аст, бояд масъалаи хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз хокашро бидуни таъхир матраҳ кунад, то тавониста бошад, аз шаҳрвандонаш ҳимоят кунад.
Ба ҷойи хулоса
Ба ҳар ҳол, камтарин талош аз ҷониби Тоҷикистон дар ростои таҳқиқи қазия сурат гирифт. Эътибори Тоҷикистон ва истиқлоли кишвар замоне собит мешавад, ки қазияи мунсифона баррасӣ шавад ва Маскав эътироф кунад, ки нажодпарастиро худи мақомоти ин кишвар доман задаааст. Вале агар ба мисли қазияи Хуршеда Султонова иттиҳомоти “барангехтани кина ва адовати миллӣ” аз миёни иттиҳомоти Тимофей К. бардошта шавад, пас, Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳама талоше, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин қазия кардааст, ба ммаънои “об дар ҳован кӯфтан” аст.
