11.9 C
Dushanbe

Шуҳрат Қудратов: Пирӯзии мо дар муттахидии мост! (САДО)

Имрӯз 15 декабри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Саратови Русия шикояти касатсионии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Саратов оиди бекор кардани шаҳрвандии яке аз корбарони Фейсбук, Қадам Исматовро бекор кард. Дар ин бора Шуҳрат Қудратов адвокати шинохтаи тоҷики муқими Русия дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Гуфта мешавад, Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов иддаъо дошт, ки Қадам Исматов соли 2005 ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия дидаву дониста маълумоти бардурӯғ пешниҳод намуда, суроғае, ки дар санадҳояш зикр шуда буд дар он зиндагӣ намекард.

Қаблан 20-августи соли ҷорӣ додгоҳ талаби пулиси вилояти Саратовро дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматов рад карда буд. Аммо тибқи пешбинии Шуҳрат Қудратов ки гуфта буд, шояд пулиси Саратов аз ин қарори додгоҳи ноҳияи Киров ба болотарҳо шикояти касатсионӣ барад, ки ҳамин тавр ҳам шуд.

Ӯ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт: ⤵️

Солҳои охир барои ихроҷу истирдоди намояндагони мухолифин мақомоти кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз таҷрибаи лағви шаҳрвандии Русия ва истирдод шудан ба кишвару маҳрум сохтан аз озодиро зиёд истифода мебарад.

Дар соли 2015 яке аз фаъолони “Гурӯҳи 24” Мақсуд Иброҳимовро мақомоти Русия шаҳрвандияшро лағв ва ба Тоҷикистон истирдод кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба 17 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Ҳамин тавр, соли 2018 ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Каромат Шариповро низ пас аз лағви шаҳрвандиаш субҳи барвақти 13 декабри соли 2018 тавассути ҳавопаймои “Сибир Эйрлайнз” дар масири Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон оварда шуд.

Каромат Шарипов моҳи майи соли равон дар синни 57 солагӣ дар Тоҷикистон аз олам чашм пушид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамкории Тоҷикистону Бритонё барои манобеи зарурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории манобеи зарурӣ бо Бритонёро тасдиқ кардааст.

Муҳоҷирро барои истифода набурдан аз WhatsApp ва YouTube ба Русия роҳ надоданд

Мақомоти Русия ба садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Жуковский иҷозаи вуруд ба Маскавро надоданд.

Аз оғози ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бар зидди Эрон панҷ рӯз мегузарад

Бо ворид шудани рӯзи панҷуми ҷанги муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҳамчнон ҳуҷумҳо аз ҳарду тарафи ҷанг раду бадал мешаванд.

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.