Аввалин бор дар таърих, шумори оварагон дар ҷаҳон аз 100 миллион гузашт

Ожонси Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагон бо нашри эъломия гуфт, шумораи оварагоне, ки бар асари низоъ, зӯроварӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва таъқибот маҷбур шуданд фирор кунанд, аз марзи 100 миллон нафар гузашт.

Филиппо Гранди, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, оворагиҳои мардум дар натиҷаи ҷанг дар Украина ва дигар низоъҳои хунин ба вуҷуд омадааст.

“Сад миллион рақами ҳайратангез ва нигаронкунанда аст ва ин шумора моро ба андеша даъват мекунад. Ин рекордест, ки набояд ҳеҷ гоҳ гузошта мешуд.”, мегӯяд Филиппо Гранди.

Ӯ дар идома таъкид намуда, ки “Ин рақам бори дигар ба мо ёдрас месозад, ки ба низоъҳои харобиовар бояд хотима дод ва инчунин пеши роҳи таъқибу фишорҳо низ гирифта шаванд.”

Комиссари олии СММ дар умри паноҳандагон сабаби оварагии беш аз 100 миллон нафарро дар ҷаҳон ҷангҳои хунин ва таъқибу фишори ҳокимони диктатор нисбат ба дигарандешону ақаллиятҳо медонад, ки мардум бо ин сабабҳо маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда, ба дигар кишварҳо ва ё дигар минтақаҳои дохили кишвари худ овора мешаванд.

Бино ба изҳороти Ожонси СММ дар умури паноҳандагон, соли гузашта шумори оворагон дар сар то сари ҷаҳон ба 90 миллион нафар расида буд, ки бештарашон ба далели хушунат, таъқибу фишор ва низоъҳо дар кишварҳои Эфиопия, Нигерия, Буркина-Фасо, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Афғонистон буданд. Аммо бар илова, имсол ба далели ҷанг дар Украина 8 миллион нафар дар дохили кишвар овора шуда ва беш аз 6 миллион нафари дигар кишварро тарк кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.