Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бори сеюм аз тарафи намояндагони Кунгураи халқии Чин президенти ин кишвар интихоб шуд. Акс: Интернет Субҳи имрӯз, 10-уми марти соли 2023 Си Ҷинпин, Президенти Чин бори сеюм аз ҷониби намоядагони Кунгураи мардумии Чин бидуни раъйи манфӣ раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам яке аз аввалинҳо […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бори сеюм аз тарафи намояндагони Кунгураи халқии Чин президенти ин кишвар интихоб шуд.
Акс: Интернет
Субҳи имрӯз, 10-уми марти соли 2023 Си Ҷинпин, Президенти Чин бори сеюм аз ҷониби намоядагони Кунгураи мардумии Чин бидуни раъйи манфӣ раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам яке аз аввалинҳо шуда, бо ирсоли барқия сеюмбора ба маснади президентӣ интихоб шудани Си Ҷинпинро бароияш табрик гуфт.
Президенти Тоҷикистон дар ин барқияи шодбошиаш хитоб ба Си Ҷинпин мегӯяд: Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.
Коршиносон бори сеюм перзидент интихоб шудани Си Ҷинпинро дар Чин боз шудани роҳ ба сӯи худкомагӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ яке аз қудратмандтарин раҳбарон дар торихи Чин аст, ки дар замони муосир тавониста тамоми қудратро дар қабзаи худ нигаҳ дорад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.