Се тоҷик дар Қирғизистон маҳукм ба зиндон шуданд

Се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон дар ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳукм шуданд.

Рӯзи 21-уми сентябр додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ин се тоҷикро бо иттиҳоми “убубри ғайриқонунии марз”, “қочоқи маводи мухаддир” ва “ғоратгарӣ” маҳкум кардааст.

Хабаргузории қирзии “24.kg” дар истинод ба додгоҳи Лайлак навишт, ки аз парвандаи Акмалҷон Исоев моддаи иттиҳоми “Хиёнат ба ватан” бардошта шуда. Аммо тибқи моддаҳои “Ғоратгарӣ”, “Қочоқи маводди мухаддир” инчунин “Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ”-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон айбдор дониста шуда, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

“Аз парвандаи ду шаҳрванди дигари Қирғизистон Аюбҷон Амонҷон Уроновҳо низ иттиҳоми “Хиёнат ба ватан” бардошта шуд. Аммо бо моддаҳои “Ғоратгарӣ” ва “Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ” -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарду ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд”, – гуфтанд аз додгоҳи Лайлак ба “24.kg”.

Инчунин гуфта мешавад, яке аз ин ду шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, ки номаш бурда нашудааст, бар иловаи маҳрум шудан аз озодӣ ҳамчун ҷуброни моддӣ бояд ба ҷабрдида 200 ҳазор сом (ҳудуди 2400 доллар) ва 100 ҳазор сом (тақрибан 1200 доллар) ҳамчун ҷарима ба ҳисоби давлат пардохт кунад.

Аммо наздикони маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва мегӯянд ба зинаҳои болоии судӣ шикоят мебаранд.

Пештар гуфта мешуд, ки ин афрод бо иттиҳоми “Хиёнат ва ба ватан” айбдор ҳастанд ва вакили мудофеашон талаб карда, ки бо сабаби тасдиқ наёфтани “Хиёнат ба ватан” ва “Қочоқи маводди мухаддир” дар амали онҳо ин модда аз парвандаашон бардошта шавад.

Майсара Исоева, хоҳари Акмалҷон Исоев мегӯяд, иттиҳомоти онҳо туҳмат аст ва онҳоро асосан барои тоҷик будан чунин ҷазои сахт доданд.

“Акмалҷон дар сухани охирини худ гуфт, ғоратгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир нисбат ба ӯ туҳмат аст ва бо сохтакорӣ ба гарданаш бор карда шудааст. Додрас таваҷҷуҳ накард. Бовар дорам, онҳоро барои тоҷик будан ҷазои сахт доданд. Аз рӯи ҳукм шикоят мебарем”, гуфт Майсара ба Радиои Озодӣ.

Ёдовар мешавем, пеш аз ин рӯзи 14 сентябр низ Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар муноқишаҳои марзӣ ба ҳукми абад маҳкум кард.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо моддаҳои “Ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “Ғоратгарӣ” айбдор дониста шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.