7.9 C
Dushanbe

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он аз Эрон хоста мешавад дигар ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад.

Ин қатънома бо 13 раъй мувофиқ тасвиб шуд, аммо Русия ва Чин аз раъй додан худдорӣ карданд. Гуфта мешавад, аз пешнависи ин қатънома 130 кишвар ҷонибдорӣ кардаанд.

Қатъномаи мазкур ҳамлаҳои Эрон бар зидди кишварҳои Халиҷи Форс ва Урдунро маҳкум карда, аз Ҷумҳурии исломии Эрон хостааст, ки фавран тамоми ҳамлаҳо ва таҳдидоташро ба ин кишварҳо мутаваққиф кунад.

Шӯрои амнияти СММ бо қабули қатъномаи мазкур ҳамчунин ҳар иқдоми низомии Эронро, ки сабаби бастани ё халалдор шудан дар киштиронии байналмилалӣ дар Тангаи Ҳурмуз мешавад, маҳкум кардааст.

Вале дар қатънома ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон ишора нашудааст.

Дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи Шӯрои амният намояндаи доими Эрон дар СММ Амри Саид Ирвонӣ гуфт: “Тасвиби қатъномаи имрӯз алайҳи Эрон зарбаи ҷиддӣ ба эътибори Шӯрои амният ворид карда ва лаккаи мондагор бар корномаи он барҷо мегузорад.”

Намояндаи Эрон ҳамчунин афзуда, ки Амрико ва Исроил бо ҳамла ба Эрон дар 28-уми феврал ҷангро оғоз карданд ва Эрон барои дифоъ аз ҳокимият ва тамомияти арзии худ дифоъ мекунад. Ӯ таъкид кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон то кунун беш аз 1348 ғайринизомӣ кушта шуда ва беш аз 17 ҳазор нафар захмӣ шудаанд, аммо Шӯрои амнияти СММ дар ин бора чизе ишора накардаст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо гузориш доданд, ки бо ворид шудани ҷанг ба рӯзи 13-ум ҳамоно ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад.

Дар пайи ташдид ёфтани танишҳо дирӯз Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бо паёме дар шабакаи Х аз гуфтугӯяш бо кишварҳои Русия ва Покистон ва шартҳои кишвараш барои оташбас хабар дод.

Дар паёми Пизишкиён чунин омадааст: “Дар тамос бо раҳбарони давлатҳои Русия ва Покистон зимни эъломи илтизоми Ҷумҳурии исломӣ ба сулҳ ва оромиш дар минтақа, таъкид кардам, танҳо роҳи поёни ҷанге, ки бо оташафрузии режими саҳюнистӣ ва Амрико оғоз шуда, пазириши ҳуқуқи мусаллами Эрон, пардохти ғаромат ва илзоми қотеъи байналмилаӣ ба адами таҷовузи муҷаддаи онон аст.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари тозаинтихоби Эрон

Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2026 раҳбари тозаинтихобшудаи Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари олии ин кишвар табрик гуфт.

Дар яке аз вилоятҳои Русия кори муҳоҷирон хеле маҳдуд шуд

Дар вилояти Кемеровои Федератсияи Русия барои муҳоҷирон кор дар 43 соҳа манъ шуд.