СММ ширкати Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт
Рӯзи 7-уми апрел Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт. Маскав аз ин ба баъд дар ҷаласаҳои Шӯро аз ҳаққи раъй додан ва суханронӣ кардан маҳрум шуд. Акс: Интернет Барои боздошти Русия аз Шӯрои ҳуқуқи СММ 93 кишвар ба ҷонибдорӣ ва 24 кишвар зид раъй доданд. Аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Рӯзи 7-уми апрел Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт. Маскав аз ин ба баъд дар ҷаласаҳои Шӯро аз ҳаққи раъй додан ва суханронӣ кардан маҳрум шуд.
Акс: Интернет
Барои боздошти Русия аз Шӯрои ҳуқуқи СММ 93 кишвар ба ҷонибдорӣ ва 24 кишвар зид раъй доданд. Аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифи ин қатънома раъй додаанд. Аммо 58 кишвари дигар бо шумули Ҳиндустону Покистон ва аксари кишварҳои арабӣ аз раъй додан даст кашидан.
Ин иқдом дар пайи иттиҳомот алайҳи Русия ба “ҷинояти ҷангӣ”, ки тавассути сарбозони он дар манотиқи Украина, ба хусус дар Буча рух дода, гирифта шудааст.
Пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз атрофи Киев, аксҳое аз ҷасадҳои беҷони садҳо ғайринизомӣ дар кучаҳои шаҳри Буча дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки вокуниши ҷаҳониро ба бор овард.
Дар пайи он кишварҳои ғарбӣ хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия шуданд, аммо Кремл ин иттиҳомотро ба шиддат рад кард ва онро “иғвои набатии Киев” номид.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.