13.9 C
Dushanbe

Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон

Дафтари Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) бо нашри

Дар изҳороти Комиссариати олии СММ омадааст, ки бо вуҷуди дахолати ин созмон, ҷониби Тоҷикистон панҷ узви як хонаводаро бо шумули се кӯдак ва модари онҳо рӯзи сешанбе (23 август) боздошт ва тавассути гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Афғонистон баргардонидааст.

Сухангӯи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон Элизабет Тан мегӯяд, ки “Тоҷикистон бояд боздошт ва ихроҷи гурезаҳоро бас кунад, зеро ин амал ба таври возеҳ ҷони онҳоро дар хатар мегузорад“. Дар идома ӯ бозпас фиристодани маҷбурии гурезаҳоро хилофи қонун номида, таъкид кардааст, ки ин амал бархилофи ҳуқуқи байнулмилалии паноҳандагон аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз соли 2021 ба ин тараф Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, дар Тоҷикистон мавориди зиёди боздошти гурезаҳо, ихроҷи онҳо аз кишвар ва содир кардани фармони мамнуияти вуруди афроди ба ҳимояти байналмилалӣ ниёздоштаро сабт кардааст.

Тибқи тавсияҳои умумӣ оид ба Афғонистон, ки соли 2021 қабул шуда ва феврали соли 2022 нав шудааст, Комиссариати олии СММ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба иҳроҷи иҷбории ҳамаи гурезаҳои Афғонистон роҳ надиҳанд.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, афғонҳое, ки ҷонашон дар хатар аст, бояд ба ҳимоя ва раванди одилонаи дарёфти паноҳандагӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд ба кишвар дода шуда, ҷониби Тоҷикистон ҳамагуна ихроҷи минбаъдаро қатъ кунанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ дар як ҳафтаи охир беш аз нуҳ нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд, ки баъзе аз онҳо корти паноҳандагии СММ-ро доштаанд.

Хабари ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони афғон дигар паноҳандагонро нигарон кардааст, аммо мақомоти тоҷик то ҳол сабаби ихроҷи паноҳандагони афғонро шарҳ надодаанд.

Баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор афғонистонӣ аз ин кишвар гуреза шуданд. Тоҷикистон мизбони 10 ҳазор гурезаи афғон буд, ки дар як соли охир ҳудуди 4 ҳазори он аз сабаби бад будани шароит дар Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Ятимов дар куҷост?

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти кишвар иштирок накардааст.