7.9 C
Dushanbe

Содир Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли низои марзӣ мулоқот мекунанд

Дар пасманзари даргириҳои шадиди марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон рӯзи 29 апрел бо аъзои ҳукуматаш ҷаласаи фаврӣ баргузор кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дод.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки барои роҳандозӣ ва омӯзиши вазъи кунунӣ таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазир Артём Новиков гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

“Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор карда шуд, ки корҳоро оид ба ҳалли мусолиматомези вазъи ба вуҷудомада бо роҳҳои дипломатӣ чораандншӣ кунад”, гуфта мешавад дар хабар.

Бино ба иттилои хабаргузории қирғизии 24.kg, дар ҷаласа вакилони парлумони Қирғизистон аз президент Содир Ҷабборов хостанд, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид кунад.

Раиси кумитаи парлумон оид ба қонун ва тартибот Наталя Никитенко ба президент Содир Ҷабборов муроҷиат карда, ки фавран гуфтушунидро бо ҳамтои худ, президенти Тоҷикистон оғоз кунад, то пеши роҳи афзоиши низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гирифта шавад. Ҳамзамон рӯзи 29 апрел ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон низ доир гашт, аммо на дар мавриди низоъ дар марз.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷаласаи ҳукумат паси дарҳои баста сурат гирифта, рӯзноманигорони мустақил роҳ дода нашуданд. Ва маълум нест, ки дар ҷаласаи дирӯзаи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мушкилоти марз чизе гуфта шудааст ё на.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз рӯзи 28 апрел низоъ дар марзи Тоҷикисону Қирғизистон шуруъ шуд. Шоҳидон мегӯянд, аввал сангзанӣ буд, аммо рӯзи 29 якбора тиркушоӣ оғоз шуд. То ҳол тибқи оморҳои расмӣ осебдидагони ҷониби Қирғизистон наздики 90 нафар ва 3 кушта гуфта мешавад.

Аммо дар мавриди осебдидагони тарафи Тоҷикистон омори расмие вуҷуд надорад, вале ба қавли манобеи гуногун, 40 захмӣ ва 4 кушта гуфта мешавад. Дар ҳар сурат қурбониён аз ҷониби Тоҷикистон ҳам кам нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.