9.9 C
Dushanbe

Сохтани мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ бар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ

Як мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ дар деҳаҳои дурдасти кишвар мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ месозад.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 20-уми май дар саҳфаи фейсбукиаш аз чунин иқдоме хабар дод.

Бобоев дар номаи саргушодааш ба Дастгоҳи раисиҷумҳур ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон навиштааст, ки аз Шумо эҳтиромона дархост мекунам, ки агар 30 нафар аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро аз маҳбасҳо озод кунед, дар ивази он, дар деҳаҳои дурдасти кишвар, ки ба мактаб ва ё бунгоҳҳои тиббӣ ниёз доранд, 15 мактаби замонавӣ ва 15 бунгоҳи тиббӣ сохта медиҳам”.

Инчунин ӯ таъкид карда, ки нақша, лоиҳаҳо ва нархномаи иншоотҳоро омода карда, ба Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ пешниҳод мекунад.

Дар зери навиштаи Абдусаттор Бобоев дар фейсбук нафарони зиёд аз ин иқдоми ӯ ҷонибдорӣ карда, гуфтаанд дар ин кор саҳм хоҳанд гузошт. Ҳатто баъзе корбарон бар иловаи мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, пешниҳод кардаанд, ки дар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронанди онҳо, омодаанд дар кишвар толорҳои варзишӣ созанду дар деҳаҳои дурдасти кишвар хатти об мегузаронанд.

Бобоев, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда аст, рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ин пешниҳод иқдоми шахсии худаш буда, онро танҳо ба муовинон ва мушовираш дар кумитаи зери раҳбарияш ба миён гузоштааст.

Ҳамзамон ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро маҳз дар ин шабу рӯз якчунин пешниҳодро ба ҳукумат кардааст, гуфт: Ҳамеша дар фикри зиндоён будем ва солҳо боз аз роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои озодии онҳо талош кардем ва билохира якчунин пешниҳодеро ба ҳукумат кардам”.

Раиси Кумитаи наҷоти зиндоёни сиёсӣ мегӯяд, ки дар сохтани 15 мактабу 15 бунгоҳи тиббӣ бештар ба мардум такя хоҳад кард. Вай афзуд, пас аз эълони ин иқдомаш даҳҳо нафар ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки агар ҳукумат зиндониёнро озод кунад, дар сохтани ин иншоотҳо ба ӯ кумак хоҳанд кард.

Раиси КШНГЗС таъкид кард, ки агар Ҳукумати Тоҷикистон даъвои ободии кишвар ва беҳбуди зиндагии мардумро дорад, бояд ин пешниҳодро қабул кунад, чун ин иқдом маҳз барои беҳбуди зиндагии сокинони деҳаҳои дурдаст, ки аз набуди мактабу бунгоҳи тиббӣ танқисӣ мекашанд ва озодии зиндониёни бегуноҳ равона шудааст.

Бояд гуфт, режими Эмомалӣ Раҳмон дар зиндонҳо садҳо озодандешу мухолифонашро бо иттиҳомҳои сохта нигаҳ медорад ва борҳо созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ғарбӣ озодии зиндониёни сиёсиро талаб карда буданд, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ин талабҳоро ҳамеша нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро такзиб кард

Субҳи рӯзи панҷшанбе Озарбойҷон аз ҳамлаи паҳподии Эрон ба Нахҷавон — минтақаи анклав дар ин кишвар, ки бо Эрон ҳаммарз аст, хабар дод.

Ҳамкории Тоҷикистону Бритонё барои манобеи зарурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории манобеи зарурӣ бо Бритонёро тасдиқ кардааст.

Муҳоҷирро барои истифода набурдан аз WhatsApp ва YouTube ба Русия роҳ надоданд

Мақомоти Русия ба садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Жуковский иҷозаи вуруд ба Маскавро надоданд.

Аз оғози ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бар зидди Эрон панҷ рӯз мегузарад

Бо ворид шудани рӯзи панҷуми ҷанги муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҳамчнон ҳуҷумҳо аз ҳарду тарафи ҷанг раду бадал мешаванд.