Сокини Файзободро барои маъракаи “сол”-и модараш ҷарима карданд

Акс аз: komron.info

Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои вайрон намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунӣ кашидааст. Дар ин бора раиси суди ноҳия Бахтиёр Холиқзода ба  “Ховар” хабар дод.

Ба навиштаи “Ховар” Шобиддин Табаровро, ки сокини деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти “Ҷавонон”-и  ноҳия Файзобод мебошад, барои гузаронидани маъракаи  «сол»-и  модари марҳумаш бо додани таом бо моддаи 481-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста,  бо дастрасии  моддаи 48,  қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба ду ҳазору нуҳсад сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.

Ҳолатҳои ҷарима бастани шаҳрвандони оддӣ барои вайрон намудани қонуни танзими анъана бисёр аст. Як манбаъ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, бештарин ҳолатҳои вайрон намудани қонуни танзим ба хешу табор ва наздикони мансабдорон рост меояд. Вале ҳолати ба ҷавобгари кашидани мансабдорон ангуштшумор аст. Соли 2017 Сайфиддин Назарзода, раиси собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои вайрон намудани қонуни танзим ба маблағи 12000 сомонӣ ҷарима шуда буд. Аммо худи Назарзода гуфта буд аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба назари ӯ, дар системаи судӣ нуқсҳои хеле ҷиддӣ нуҳуфтааст. Он замон Сайфиддин Назарзода маъмурони Оҷонсии зиддифасодро, ки туйи писари ӯро наворбардорӣ кардаанд ба дахолат ба зиндагии шахсии шаҳрвандон муттаҳам кард. Ва кори кормандони Оҷонсии зиддифасодро фармоишӣ хонда буд.

Ба назари коршиносон бо қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳолатҳои коррупсионӣ баръакс бештар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.