15.9 C
Dushanbe

Солеҳ худро раисҷумҳури Афғонистон хонд

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали собиқ раисҷумҳури Афғонистон, сешанбеи 17-уми август дар ҳисоби шахсияш дар Твиттер иддао кард, ки тибқи Қонуни асоии ин кишвар ӯ раисҷумҳури муваққати Афғонистон аст.

Собиқ муовини Ашрафғанӣ менависад: “Ба асоси ҳукми сареҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар сурати ғиёбат, фирор ё марги раисҷумҳур муовини аввал ба ҳайси сарпараси мақоми раёсатҷумҳурӣ қарор мегирад. Ман дар дохили кишвар ҳастам ва ба сурати қонунӣ ва машруъ сарпарасти ин мақом/курсӣ мебошам. Барои таҳкими ин ҷойгоҳ бо тамоми раҳбарони кишвар дар машвара ҳастам”.

Дар ҳамин ҳол 18 август сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ эълом кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури ин кишвар аст.

Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарие бо ҳузури хабарнигорон эълом кард: “Бо пайравӣ аз Қонуни асосии кишвар дар набуди фирор ё марги раиси ҷумҳур муовини аввал уҳдадори умури мамлакат мешавад, ки феълан ҷаноби Амруллоҳ Солеҳ расман сарпарасти риёсати ҷумҳурӣ мебошад.”

Зоҳири Ағбар Муҳаммад Ашрафғанӣ хоин хитоб карда, иддаъо карда “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст.”

Иддаои Амруллоҳ Солеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуда, баъзе ҷонибдорӣ ва баъзе дигар аз ӯ интиқод карда, гуфтаанд, ки ҳукумати шумо фасодзада буд ва тамоми масъулони ҳукумати қаблӣ дар фасод шарик буданд.

Ҳамзамон бо иддаъои Амруллоҳ Солеҳ бархе фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимои ин кишвар бо роҳандозии корзоре аз пулиси байналмилалии Интерпол талаб доранд, ки Муҳаммад Ашрафғанӣ, президенти фирории ин кишварро боздошт ва ба Афғонистон баргардонад, то муҳокама шавад.

Амруллоҳ Солеҳ дар ҳоле чунин иддао мекуад, Ашрафғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар пайи пешравиҳои нерӯҳои Толибон аз Афғонистон фирор карда ва то ҳол ҷои иқомати ӯ маълум нест. Айни замон Афғонистон зери султаи Толибон аст, вале то имрӯз ҳукумати расмие дар он вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.